Вазорати нақлиёт рақамикунонии логистикаи нақлиётро ба роҳ мемонад

Декабрь 23, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки рақамикунонии логистикаи нақлиётӣ ва коркарди рақамии роҳхату борхатро ҳарчи зудтар ба роҳ монад. Масъалаи мазкур дар машварате, ки дар мавзӯи  «Системаи ягонаи нақлиётӣ ва логистикӣ» дар Душанбе таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Иброҳим баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим зикр кард, ки  «роҳбарони Вазорати нақлиёт тасмим гирифтаанд, ки барои пешрафти кори босифат ва саривақтиву сарфакорона фаъолияти тамоми сохторҳои соҳаро бо истифода аз технологияи нав ба роҳ монанд. Дар  иртибот тасмим гирифтем, ки рақамикунонии логистикаи нақлиётӣ, коркарди рақамии роҳхату борхатро ҳарчи зудтар ба роҳ монем. Ҳамчунин фаъолияти барномаи «Низоми идоракунии  дороиҳои роҳ» (НИДРА)-ро васеътар намуда, агар зарур ояд, барои зери назорати қатъӣ гирифтани кори техникаи роҳнигоҳдорӣ ва ташкили «фонди маълумот» дар назди Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ шуъбаи махсус иборат аз мутахассисони сатҳи баланд таъсис диҳем».

-Мо бояд ҳамқадами замон бошем ва дар фаъолияти кориамон аз технологияи муосир хуб истифода карда тавонем,-афзуд Азим Иброҳим.

Дар машварат мутахассисони ҶДММ «Сармояи рақамӣ» оид ба мавзӯи «Системаи ягонаи логистикӣ ва нақлиётӣ» тариқи слайдҳо маълумот доданд ва ҳозиринро бо усули рақамикунонии роҳхату борхат ва мақсади истифода аз чунин тарзи кор шинос сохтанд.

Зикр шуд, ки бо гузаштан ба ин намуди фаъолият кори  ронандагон, ташкилоте, ки роҳхату борхат медиҳад ва нозирон осонтар мегардад. Аммо барои пурра ба ин сохтор гузаштан чанд марҳиларо тай кардан зарур мебошад. Рақамикунонии роҳхату борхат- ин марҳилаи аввал аст, ки аз он фаъолият ба роҳ монда мешавад.

Вазири нақлиёт ба масъулини соҳа дастур дод, ки ҳарчи зудтар ин масъаларо омӯхта, барои амалӣ кардани он тадбир андешанд.

Акси аввал аз бойгонӣ

Декабрь 23, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад