Вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна, Чин ва Афғонистон дар шакли видеоконфронс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабри бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Афғонистон дар мавзӯи «Тиҷорат ва иртиботот байни Чин, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Ҷониби Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни нишаст ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ ва амният мубодилаи афкор карданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар суханронии худ зикр кард, ки ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ, Чин ва Афғонистон аҳамияти хосса дорад ва дар рушду таҳкими робитаҳо байни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад.
Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари паҳншавии Ковид-19 муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари мо аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии баъдии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Зикр гардид, ки ҳамагирии Ковид-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Ба ин муносибат, ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват ба амал овард, то дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ бо истифода аз захираву имконияти мавҷуда муттаҳид шаванд.
М.Ҳусейнзода бо назар бар аҳамияти рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ пешбурди лоиҳаҳои бахши энергетика, нақлиёт, саноат ва кишоварзиро таъкид намуда, афзун гардонидани иқтидори содирот ва интиқоли бетаваққуфи борро муҳим хонд.
Ӯ зикр кард, ки ҳамкории кишварҳои минтақа дар соҳаи амният барои сулҳи босубот ва устувор дар Афғонистон аҳамияти хосса дорад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоӣ дар минтақа тавассути таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва иртиботот саҳм гузоранд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд






