Намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Нашриёти «Адиб» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 18, 2020 16:05

 ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр бо ташаббуси Муассисаи нашриявии  «Адиб» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардид.

Тавре муовини декани факултети  китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Шариф  Наботов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш-фурӯши китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби  Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор пешниҳоди дӯстдорони китоб гардонида шуд.

Бо иқдоми ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Муҳриддин Низомӣ зиёда аз 300 нусха адабиёти тозанашри адибони классик ва муосири тоҷик барои Китобхонаи илмии донишкада харидорӣ гардид. Инчунин аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада теъдоди зиёди адабиёти тозанашр харидорӣ гардид, ки ин бори дигар аз муҳаббати зиёд доштан ба китоб ва арҷгузорӣ ба он дарак медиҳад.

Дар намоиш-фурӯши китоб   устодони донишкада  Хурсандмурод Зарипов, Акрам Мирзоев, Мубассир Маҳмадализода, Ифтихор Дамдоров ва ҳунарманди хушсалиқа   Чиллахон  Холов бо сурудҳои ватандӯстонаву дилангез хотири ҳамагонро шод гардонида, ба чорабинии мазкур шукӯҳи хосса бахшиданд.

Декабрь 18, 2020 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид