ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Айнӣ Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр ва Парчами давлатии 50-метра бунёд мегарданд

Январь 6, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 6.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ  сохтмони Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр,  Парчами давлатӣ бо баландии 50 метр ва дар Ҷамоати деҳоти Анзоб бинои мактаб-интернати сеошёна барои 220 нафар тарбиятгирандагон ҷараён дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, майдони Нишон ва Парчам дар маркази ноҳия бунёд гардида, атрофи он бо тарҳи хосса ороиш ёфта, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар бинои навсохти мактаб-интернат дар Ҷамоати деҳоти Анзоб тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ҳамзамон коргоҳҳои дӯзандагиву дуредгарӣ ва синфхонаи компютерӣ ташкил шудаанд.

Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Анзоб бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, ки ба таъмир ниёз дорад, навсозӣ гардида, барои хонандагон толори варзишӣ бунёд мегардад.

Дар ин муассисаи таълимӣ айни замон 292 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 26 нафар омӯзгорон ба хонандагон дарс мегӯянд.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёду баистифодадиҳии 499 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 414 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо биноҳои иҷтимоӣ ифтитоҳ мешаванд.

Январь 6, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд