ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Гулистон 157 иншоот тармим ва навсозӣ гардидаанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои 2018-2020 тибқи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он 157 иншооти нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ бунёд, тармим ва навсозӣ гардидаанд. Ин нуктаро муовини раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд Ғайрат Оқилзода дар машварати кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иброз дошт.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварати корӣ зикр гардид, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ, кӯдакистони «Парасту», мактаби санъат, меҳмонхонаҳои иловагӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон», барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳр, корхонаи арматурабарории ҶДММ «Маҳмуд ва Компания», коргоҳи коркарди коғаз дар ҳудуди ҶДММ «Сахо ва Компания», коргоҳи истеҳсоли ришта дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», фабрикаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҶДММ «Мурғи аълосифат», истироҳатгоҳи «Суғдиён» ва оғози ҷараёни навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» мавриди истифода қарор дода шуданд.
Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба таҷзияи ҳаматарафаи нақшаи чорабиниҳо, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, муҳлатҳои он, иншооти сохтмонаш тӯлкашида ва дигар мушкилот, аз ҷумла доир ба иншооти бунёдгардидаи ғайринақшавӣ ибрози назар намуда, дастур дод, ки ба нақшаи чорабиниҳо бо дарназардошти бунёди иншооти ғайринақшавӣ тағйироту иловаҳо дароварда шаванд.
Масъалаи ободониву хуррамгардонӣ ва вазъи беҳдошти маркази шаҳр чун яке аз марказҳои асосии сайёҳии вилоят мавриди таҳлил ва вазифагузорӣ қарор гирифта, барои тавсеаи корҳои ободонӣ масъулин вобаста карда шуданд.
Дар фарҷоми машварат Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба таҷдиди даромадгоҳи ғарбии шаҳр, вусъати ниҳолшинонӣ, вазъи боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик», рангубори биноҳои истиқоматӣ, чароғонкунӣ ва ободонии кӯчаҳои дохилии маркази шаҳр, ивази партовгоҳҳо, густариши корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ доир ба сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқ, корбарӣ бо усули гардиши хона ба хона, зимистонгузаронӣ, ғанигардонии буҷет, иваз намудани шиору лавҳаҳои фарсудаву кӯҳнашуда ва амсоли ин ба масъулин супориш дод.








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид






