АФРӮХТАНИ ОТАШ – АНЪАНАИ ҚАДИМАИ ҶАШНИ САДА. Ба ин восита одамон заминҳоро аз хору хас тоза ва ба кишт омода мегардониданд

Январь 30, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 30.01.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Ҷашнҳои Ялдо, Сада ва Наврӯзу Меҳргон таърихи дуру дароз доранд. Сарчашмаи пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳарҳафтаина, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони кишту кору чорводориро фаро мегиранд. Яъне одамони замони қадим чор унсури зиндагӣ- об, ҳаво, хок, оташро гиромӣ медоштанд. Яке аз онҳо- оташ, ҳамчунин Хуршеду равшании он барои рӯзгузаронии мардум бисёр муҳим буд. Ҳамаи ин ҷашнҳо аз устура, шеър ва ривоёти гузаштагон сарчашма гирифтаанд.

Оташ афрӯхтан дар ҷашни Сада яке аз анъанаҳои қадимӣ буда, деҳқонон хокистари гулхани Садаро ҳамчун табаррук ба заминҳо мепошидаанд. Мақсад аз  афрӯхтани оташ дар майдонҳои кишт он будааст, ки ба ин восита заминҳоро аз хору хас тоза намуда, бо ҳамин заминро барои кишт омода мегардониданд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН номзади илмҳои филологӣ, декани факултети забонҳои шарқи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Ислом РАҲИМОВ иброз дошт, дар фарҳанги мардумии тоҷик бисёр унсурҳо ва маросим боқӣ мондаанд, ки анъанаҳои ҷашни Сада маҳсуб мешаванд. Барои мисол, анъанаи «аловпарак»-ро метавонем ба хотир оварем. Маъмулан, дар ҷашни Сада гулхан афрӯхта, мардум аз болои он меҷаҳиданд. «Аловпарак» то кунун дар баъзе минтақаҳо ҷой дорад.

Солҳои шастуми асри гузашта «аловпарак» дар байни мардуми Хуҷанд низ хеле маъруф буд. Он дар фасли зимистон, дар айёми чиллабаро ташкил карда мешуд. Пиразани куҳансол бо ҷамъ кардани хасу ҳезум дар  се ҷойи кӯча гулхан меафрӯхт. Дар ибтидо худи пиразан ва баъд калонсолон аз болои гулхан меҷаҳиданд. Сипас вақте ки алангаи гулхан каме паст мегашт, хурдсолон аз болои оташ мегузаштанд. Гуфта мешуд, ки гузаштан аз болои оташ сабаби пок шудан ва тозагӣ мегардад. Барои ҷаҳидан аз болои се гулхан аз ду тараф одамон ҳаракат мекарданд. Ҳангоми дар ҷойи кушод бо ҳам вохӯрдан ангуштони хурди дасти росташонро ба ҳамдигар дода, сипас онро ба абрувонашон мемолиданд,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ин анъана маънои бахшиши гуноҳи ҳамдигарро дорад. Онҳо бо ҷаҳидан аз оташ пок шуда, ҳамдигарро низ мебахшиданд. Ба ибораи дигар, онҳо бо ҳам оштӣ шуда, гармии оташро ба дидагонашон мемоланд. Оташ афрӯхтан дар болои боми хонаҳо ҳам ҷой дошт. То кунун дар зимистон ва ҳангоми чилла занони куҳансол болои бом нукча меафрӯзанд, ки онро ҳам як нишони боқимонда аз ҷашни Сада гуфтанамон мумкин аст.

Ба андешаи Ислом Раҳимов, дар гузашта чунин расме будааст, ки аз оғози Шаби Ялдо то ҷашни Сада мардум мева ва растаниҳои рангашон сурхро, ки ифодагари гармӣ ва оташанд, истеъмол мекардаанд. Хӯрдани анор, нок, себи сурх ва тарбуз тавсия дода мешудааст. Ин одат, яъне истеъмоли меваҳои сурх аз Шаби Ялдо то Сада то кунун дар байни минтақаҳои гуногуни тоҷикон ҷой дорад.

«Маънои калимаи Сада – пайдо шудан, зоҳир гардидан ва намудор шудан буда, аз калимаи «санд»-и авастоӣ гирифта шудааст ва маънояш берун шудан мебошад. Азбаски дар асрҳои миёна мардум маънои аслии Садаро, ки зоҳир гаштан аст, намефаҳмиданд, онро ба шумораи сад иртибот доданд. Инчунин 50 шабонарӯз пеш аз Наврӯз расидани он имкон дод, ки миқдори шаб ва рӯзро бо ҳам ҷамъ карда, «сада» гуфтанд. Барои он ки ин ҳисоб дуруст барояд, дар шаб оташ меафрӯзанд ва шаб ҳам мисли рӯз аст мегуфтаанд.

Пеш аз он ки доир ба асотири ҷашни Сада сухан кунем, номи дар байни мардум паҳнгаштаи онро зикр мекунем, ки «чиллабаро», «чилла» аст, яъне марбут ба чиҳил рӯз. Инҷо саволе ба миён меояд, ки  ин чил аз куҷо ҳисоб карда мешавад? Барои ҷавоб гуфтан ба ин савол мо бояд, пеш аз ҳама, дар бораи Сада ба иди дигаре таваҷҷуҳ кунем, ки он 22 декабр, дар шаби дарозтарини сол таҷлил мегардид ва бо номи Шаби Ялдо ва ё худ шаби чилла, чилладаро маъруф аст. Чилла  22 декабр оғоз мегардад ва давоми 40 рӯз то фарорасии ҷашни Сада идома мекунад. Бо баробари фарорасии Сада чилла мебарояд. Ин як ҳисоби маъмулии ориёӣ аст, ки дар иртибот ба табиат ва гардиши Офтоб ба вуҷуд омадааст.

То кунун доир ба даромадани чилла ва баромадани он дар байни мардум ҳисобҳои гуногун мавҷуданд. Баъзеҳо даромади чилларо аз 22 декабр ҳисоб мекунанд, ки ин тибқи ҳисоби ориёӣ мебошад.

Дар сарчашмаҳо омадааст, ки дар ҷашни Сада дар бозорҳо барои кӯдакон сурнайи сафолин, буқи сафолин ва дар Наврӯз сипару шамшери чӯбин мефурӯхтанд. Дар ҷашнҳо ҳайкалчаҳои ҷонварон, лӯхтакҳо ва дигар бозичаҳоро барои бачагон пешниҳод мекарданд.

                                       АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва Sputnik / Амир Исоев

Январь 30, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт