Ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ вусъат меёбад

Январь 29, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ вохӯрии виртуалии Директори генералии Корхонаи  воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода бо намояндагони USAID доир ба амалинамоии «Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот» баргузор шуд.

Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот панҷсола буда, татбиқи он аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи сентябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳа тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа дар якчанд манотиқи деҳоте, ки зичии аҳолӣ ба назар мерасад ва аз дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ азият мекашанд, амалӣ карда мешавад.

Директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъкид намуд, ки ба воситаи амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем ва корро дар самти таъмини аҳолии деҳот вусъат мебахшем.

Ёдовар мешавем. ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қабули қонунгузории дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва дастрасии молу хизматрасониҳои ҷамъиятӣ дар деҳот ва алалхусус ҳалли масъалаи таъмини оби нӯшокӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.

Январь 29, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»