Ҳавои номусоид ба тақвими бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе тағйирот ворид намуд
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон вобаста ба барфрезии рӯзҳои охир дар тақвими бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2021 дар минтақаи Душанбе тағйирот ворид намуд. Ба ин тартиб бозиҳои марҳилаи мазкур дар минтақаи Душанбе аз рӯзи душанбеи 25 январ шурӯъ хоҳанд шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТВ «Варзиш» хабар медиҳад.
Дар минтақаи Душанбе, ки чор дастаи Лигаи олӣ ва панҷ намояндаи дивизиони якум ширкат меварзанд, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив-Помир”, “Регар-ТадАЗ”, “Кӯктош”, КМВА ва “Шоҳмансур” шомиланд. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои “Душанбе-83”, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Барқчӣ” иборат аст.
Дар минтақаи Душанбе бозиҳои гурӯҳӣ аз рӯи низоми даврӣ дар як қисм баргузор мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ, ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба финали Ҷоми Федератсия-2021, ки моҳи феврал дар Душанбе баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ёдрас мешавем, ки бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳо аз ҳаққи узвият барои иштирок дар Ҷоми ФФТ-2021 озод карда шуданд. Тамоми хароҷоти ташкили мусобиқаро Лигаи футболи Тоҷикистон бар дӯш мегирад.
Ҷоми ФФТ-2021
Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе
Гурӯҳи «А»: «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош», КМВА, «Шоҳмансур».
Гурӯҳи «Б»: «Душанбе-83», «Ваҳдат», «Истиқлол», «Барқчӣ».
Даври 1-ум
25 январ (душанбе)
10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Шоҳмансур». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
10:30 – «Душанбе-83» – «Барқчӣ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Кӯктош» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Ваҳдат» – «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 2-юм
28 январ (панҷшанбе)
10:30 – «Шоҳмансур» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
10:30 – «Барқчӣ» – «Истиқлол». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Душанбе-83» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 3-юм
30 январ (шанбе)
10:30 – «Кӯктош» – «Локомотив-Помир». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
10:30 – «Ваҳдат» – «Барқчӣ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – КМВА – «Шоҳмансур». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Истиқлол» – «Душанбе-83». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 4-ум
1 феврал (душанбе)
10:30 – «Локомотив-Помир» – КМВА. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Даври 5-ум
4 феврал (панҷшанбе)
10:30 – КМВА – «Регар-ТадАЗ». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
14:00 – «Шоҳмансур» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ
АКС аз ФФТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






