Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат» дар татбиқи ҳадафҳои ҲХДТ саҳми бориз мегузоранд
ДУШАНБЕ, 19.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат»-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» фаъолияти худро дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ин нуктаро Раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ, ки ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии «Амонат»-и БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»ро ба уҳа дорад, дар ҷаласаи ҷамъбастие, ки бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат» доир гардид, зикр намуд.
Маркази матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат»-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар соли 2020 натиҷагирӣ гардид. Зикр шуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сиёсати давлатии ҷавонон дар фаъолияти «Амонатбонк» баланд бардошта шуда, ҷиҳати мустақилона ва бо ҳисси масъулият иштирок кардани онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Кормандони «Амонатбонк дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард» бахшида ба 26-солагии таъсиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодаанд, фаъолона иштирок намуда, дар шафати роҳи мошингарди Душанбе — Чанок, воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинониданд. Аъзои ташкилот аз усулҳои муосири таблиғот, роҳу равиши истифодаи босамар аз васоити ахбори оммаи чопиву электронӣ, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар тарғибу ташвиқи барномаҳои ҲХДТ саҳми назаррас мегузоранд. Инчунин зиёда аз 40 нафар кормандони фаъоли бонк дар ин давра аъзои ҳизб гардиданд.
Дар ҷаласа аз ҷавонони худогоҳи даврони истиқлол даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри неъмати бебаҳои истиқлол расида, дар пешрафту шукуфоии мамлакат саҳми арзанда гузоранд. Зеро ҷавонон ояндаи давлату миллат ва фардои дурахшони Тоҷикистон мебошанд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат» Сироҷиддин Икромӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои Оинномаи ҲХДТ, инчунин корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.