Ба муассисаҳои иҷтимоии Кӯлоб 70 тонна ангишти ройгон дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Кӯлоб 70 тонна ангишти ройгон интиқол дода шуд, ки он ба муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳр дастрас гардид.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, вазъияти баамаломадаро ба инобат гирифта, барои сарфа намудани нерӯи барқ синфхонаҳо, утоқҳои корӣ, дармонгоҳ, бунгоҳ ва беморхонаҳои шаҳру деҳот дар таъмини гармӣ аз маводи сӯхт- ангиштсанг истифода мебаранд.
Аксари корхонаҳо ва марказҳои хизматрасонии шаҳри Кӯлоб бо мақсади сарфа намудани нерӯи барқ дар фаъолияти худ аз ангишт истифода мебаранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбаъд низ дар ҳолати ба миён омадани зарурат муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳру деҳоти шаҳрро иловатан бо ангишт таъмин менамоянд.









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






