ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маҳаллаҳои Иторчӣ ва Себзори Ҷамоати деҳоти Ғулакандоз бо ҷалби раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, фаъолзанон, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат бо усули «Хона ба хона» вохӯриву суҳбатҳо доир намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ ҳангоми суҳбат бо сокинони маҳалла муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик», мусоидат намудан ба таъмини саросарии неруи барқ, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдан аз ҳар киловатт – соати он дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷотро шарҳ доданд.
Ҳамзамон оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои ниҳолшинонӣ, истифодаи оқилонаи заминҳо, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ бо кормандони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, хизматрасонӣ дар хона, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кормандони МНДСЭ, омӯзгорон, раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, фаъолони маҳаллаи Сомониён гардиши «хона ба хона» роҳандозӣ намуд.
Зимни он дар маҳаллаи Сомониён, ки дорои зиёда аз 250 хоҷагӣ бо фарогирии 750 нафар аҳолӣ мебошад, ба ҳар сокини шаҳр муҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба таъмини истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва оби ошомиданӣ, пардохти саривақтии хизматрасониҳои соҳаи барқ ва обу корези шаҳр ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тартиботи бехатарии ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавируси COVID-19 расонида шуд.