Барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар: Чаро то ҳол дар самти истифодаи неруи барқ масъулият ҳис накардаем?

Январь 13, 2021 08:13

ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Мусаллам аст, ки аз оғози сардиҳои фасли зимистон то ба фаро расидани рӯзҳои гарми баҳорӣ талабот ба неруи барқ зиёд мегардад.  Ҳукумати мамлакат ва  ШСКХ «Барқи тоҷик» аз мардум хоҳиш намудаанд, ки барқро самараноку оқилона истифода баранд, то дар самти ба мардум расонидани он мушкилот пеш наоянд.

Бино ба иттилои ШСКХ «Барқи тоҷик», бо  сабаби   сардиҳои шадиди оғози фасли  зимистон ва тӯлонӣ  пешбинӣ шудани  сардиҳои имсола  хавфи нарасидани  захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» пеш  омадааст. Ҳоло  сатҳи обанбори  мазкур  дар  муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта  чор  метр паст аст.  “Барқи тоҷик” 5 январи имсол бо муроҷиатномае аз ҳама муштариёни барқ хоҳиш намуд, ки неруи барқро сарфакорона ва оқилона истифода баранд. Ҳамчунин дар муроҷиатнома зирк гардида буд, ки  чанд муддат дар   мамлакат —  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад. Маҳдудият  аз  5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад.

Чаро мо нисбат ба самаранок истифода бурдани неруи барқ беаҳамиятӣ зоҳир мекунем? Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати оқилона истифода бурдани неруи барқ аз ҷониби ниҳодҳои марбута то кадом андоза дуруст ба роҳ монда шудаанд?

Ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъ дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» имрӯз, 13 январ, соати 09:30 (асл),  17:30 ва 21:30 (такроран)  аз Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави НАВРӮЗ мавриди баррасиву таҳлили ниҳодҳои дахлдор ва коршиносони соҳа қарор мегирад.

«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!

Январь 13, 2021 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад