Беҳтарин китобхонҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ҳавасманд гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандон озмуни «Беҳтарин китобхони соли 2020» эълон карда, аз рӯи натиҷаҳои баргузории он аз байни кормандон-довталабони озмун 9 нафар корманди Раёсатро, ки ҳар кадоме воқеан зиёда аз панҷ китоби бадеии адабиёти классикӣ ва муосири форсу тоҷик, инчунин хориҷиро бо забонҳои тоҷикиву русӣ мутолиа ва мазмуну моҳияти онҳоро хуб дарк сохтаанд, ҳамчун беҳтаринҳо интихоб ва қадрдонӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши бевоситаи роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ миёни кормандони марказҳо, шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, инчунин Дастаи махсуси зудамали Раёсат зери унвони «Беҳтарин китобхони соли 2020» озмун баргузор карда буд.
Озмуни мазкур дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ташкил гардид.
Яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти аҳолӣ ташкил медиҳад. Бо ин мақсад, тӯли ду сол мешавад, ки зери сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда истодааст. Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур- ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла намояндагони касбу кори гуногун ва табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад






