Бо саҳми вакили Маҷлиси вакилони халқи Исфара Абдулмумин Ҳалимов ҳаштумин трансформатор мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара ва вилояти Суғд Абдулмумин Ҳалимов дар маҳаллаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Кӯлканд трансформатори нави иқтидораш 106/10-киловолта мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин иқдоми созандаи вакил сабаб гардид, ки мушкилии мардуми маҳаллаи навбунёд осон гардида, беш аз 350 хоҷагии аҳолӣ бо барқи хушсифат таъмин карда шаванд.
Корҳои васлу насб ва бакорандозии таҷҳизоти навро мутахассисони ҶС «Шабакаҳои барқи Исфара» бо сифати баланд анҷом дода, аз зеристгоҳи Кӯлканд то истгоҳи трансформаторӣ тавассути 20 адад симчӯбҳои оҳану бетонӣ ба масофаи зиёда аз 3 километр хати барқ кашиданд. Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Кӯлканд, «ин ҳаштумин трансформатор аст, ки давоми як соли охир бо дастгириву саҳми Абдулмуъмин Ҳалимов дар ин ҷо насб карда мешавад. Қаблан бо хоҳишу дархости сокинони ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд ва Чилгазӣ дар маҳаллаҳои Боғдорӣ, Саъдии Шерозӣ, Ғӯзлон, Навобод, Қалъача, Шаҳрак ва Навободи Болои ин ҷамоатҳо трансформаторҳои нав насб ва трансформаторҳои кӯҳна бо трансформаторҳои иқтидорашон зиёдтар иваз карда шуданд».
Саҳму нақши Абдулмумин Ҳалимов дар ободонии шаҳр, аз ҷумла сарсабзу обод гардонидани ҳудуди ҷамоатҳое, ки аз онҳо вакили маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ интихоб гардидааст, басо калон буда, садҳо нафар шахсони камбизоату ниёзманд аз кумаку дастгириҳои арзишманди моддию маънавии ин ҷавонмарди накӯкор бархӯрдор гаштаву аз ӯ сидқан сипосгузоранд.
Мавсуф ба ҷуз пешбурди муваффақонаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Осоишгоҳи «Зумрад» ва пурмаҳсул ба роҳ гузоштани фаъолияти вакилии маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ мувофиқ ба талабу дархости интихобкунандагон дар ҷамоатҳои деҳоти Шаҳрак, Кӯлканду Чилгазӣ ва Лаккон барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта камари ҳиммат бастааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






