БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Шаби Соли нав дар ноҳияи Қубодиён мӯъҷизаи воқеӣ рух дод: зане панҷгоник таваллуд кард
ДУШАНБЕ, 01.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шаби Соли нав, 31 декабри соли 2020, сокини деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова панҷгоник таваллуд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон хабар дода, зикр намуданд, ки дар мамлакати мо ин ҳолат бори аввал аст: дар гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд.
Дилноза Мамадоваи 30-сола, ки аллакай ду фарзанд дошт, интизори фарзанди сеюм буд, аммо якбора панҷ фарзанд — ду писар ва се духтар ба дунё овард. Таваллуди ин зан дар Таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ба гуфтаи табибони ин таваллудхона, вазъи тифлони навзод қаноатбахш буда, онҳо таҳти назорат қарор доранд. Модари ин фарзандони панҷгона ду моҳ таҳти назорати табибон буд ва 20 рӯзи охир таваллудхона қарор дошт.
Барои таъмини бехатарии таваллуди Д.Мамадова амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Бо дастгирии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода табибон тамоми хароҷоти ин хонаводаро бар дӯш гирифтанд. Тӯли бист рӯзе, ки ин зан дар беморхона буд, бо се маротиба хӯроки гарм ва доруҳои лозима таъмин шуда буд. «Мо тамоми чораҳоро меандешем, то ки кӯдакони таваллудшуда солим ба хонаашон фиристонда шаванд», — гуфтанд табибон.
Дар робита ба ин, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба таваллудхона ташриф оварда, бо вазъи саломатии зан ва фарзандони ӯ шинос шуд. Ӯ ба модари панҷ фарзанд тӯҳфаи хотирмони солинавӣ тақдим кард.
Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, моҳи декабри соли 2020 дар Душанбе чоргоникҳо таваллуд шуда буданд: зане дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт ду писар ва ду духтар ба дунё овард.
Сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон хеле баланд аст. Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар ҷои аввал меистад. Тибқи омори расмӣ, аҳолии Тоҷикистон солона ба ҳисоби миёна 2,2 фоиз ё 200 ҳазор нафар меафзояд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 аз 9,3 миллион нафар гузашт.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон таваллуди ҳатто дугоникҳо маъмулан ҳодисаи нодир ба ҳисоб меравад. Олимон якбора таваллуд шудани панҷ тифлро мӯъҷиза меҳисобанд. Мутахассисон муътақид бар онанд, ки панҷгонаи «табиӣ» ба ҳисоби миёна дар 480 сол як бор ба вуқуъ меояд ва имкони чунин ҳомиладорӣ аз 47 миллион нафар ба 1 нафар рост меояд.
АКС аз бойгонӣ








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






