БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! Шаби Соли нав дар ноҳияи Қубодиён мӯъҷизаи воқеӣ рух дод: зане панҷгоник таваллуд кард

Январь 1, 2021 21:05

ДУШАНБЕ, 01.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шаби Соли нав, 31 декабри соли 2020, сокини деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова панҷгоник таваллуд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатологияи Тоҷикистон хабар дода, зикр намуданд, ки дар мамлакати мо ин ҳолат бори аввал аст: дар гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд.

Дилноза Мамадоваи 30-сола, ки аллакай ду фарзанд дошт, интизори фарзанди сеюм буд, аммо якбора панҷ фарзанд — ду писар ва се духтар ба дунё овард. Таваллуди ин зан дар Таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ба гуфтаи табибони ин таваллудхона, вазъи тифлони навзод қаноатбахш буда, онҳо таҳти назорат қарор доранд. Модари ин фарзандони панҷгона ду моҳ таҳти назорати табибон буд ва 20 рӯзи охир таваллудхона қарор дошт.

Барои таъмини  бехатарии  таваллуди Д.Мамадова амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Бо дастгирии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода табибон тамоми хароҷоти ин хонаводаро бар дӯш гирифтанд. Тӯли бист рӯзе, ки ин зан дар беморхона буд, бо се маротиба хӯроки гарм ва доруҳои лозима таъмин шуда буд. «Мо тамоми чораҳоро меандешем, то ки кӯдакони таваллудшуда солим ба хонаашон фиристонда шаванд», — гуфтанд табибон.

Дар робита ба ин, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба таваллудхона ташриф оварда, бо вазъи саломатии зан ва фарзандони ӯ шинос шуд. Ӯ ба модари панҷ фарзанд тӯҳфаи хотирмони солинавӣ тақдим кард.

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, моҳи декабри соли 2020 дар Душанбе чоргоникҳо таваллуд шуда буданд: зане дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт ду писар ва ду духтар  ба дунё овард.

Сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон хеле баланд аст. Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар ҷои аввал  меистад. Тибқи омори расмӣ, аҳолии Тоҷикистон солона ба ҳисоби миёна 2,2 фоиз ё 200 ҳазор нафар меафзояд.  Аз рӯи  маълумоти расмӣ, аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020 аз 9,3 миллион нафар гузашт.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон таваллуди ҳатто дугоникҳо  маъмулан ҳодисаи нодир ба ҳисоб меравад. Олимон якбора таваллуд шудани панҷ тифлро мӯъҷиза меҳисобанд. Мутахассисон муътақид бар онанд, ки панҷгонаи «табиӣ» ба ҳисоби миёна дар 480 сол як бор ба вуқуъ меояд ва имкони чунин ҳомиладорӣ аз 47 миллион нафар ба 1 нафар рост меояд.

АКС аз бойгонӣ 

Январь 1, 2021 21:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият