ЧӢ ГУНА ШИДДАТИ COVID-19 КОҲИШ ЁФТ? Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин бора ба АМИТ «Ховар» изҳори назар намуд

Январь 11, 2021 17:32

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 31 декабри соли 2020 ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба COVID-19 метавонад дар соли оянда коҳиш ёфта, аллакай аввали тобистон аз байн бурда шавад. Дар ин робита, хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба омилҳои коҳиш ёфтани шиддати бемории коронавируси нав дар Тоҷикистон бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳамсуҳбат гардид. Ӯ омилҳои тадриҷан коҳиш ёфтани сироятёбӣ ба вируси навро чунин шарҳ дод:

— Новобаста ба он, ки бемории сироятии коронавируси нави COVID-19  дар аксар кишварҳои олам ҳамоно бедодгарӣ мекунад, маҳз дар пайи андешидани чораҳои муҳими пешгирикунанда аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд рӯзи охир сатҳи гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемории мазкур бамаротиб коҳиш ёфта истодааст.

Ба назари мутахассисони соҳа, тарс ва таҳлука аз беморӣ яке аз сабабҳои фавти гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба шумор меравад.

Мутаассифона, ҳанӯз аз  замони дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар мамлакатҳои ҳамсоя ба қайд гирифтани  сирояти коронавируси нави COVID-19 дар миёни мардуми Тоҷикистон ҳар гуна хабару овозаҳои ҳангомаҷӯёна ба нашр расида, дар дили  сокинони кишвар як андоза тарсро ба вуҷуд оварданд.

Ба чунин вазъият нигоҳ накарда, бо мақсади аз дили мардум дур намудани тарсу ваҳм нисбат ба ин беморӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ташриф оварда, бо шаҳрвандон мулоқот ва гуфтугӯҳои озод анҷом доданд. Дар чунин як вазъияти ташвишовар, ки бемории коронавируси нави COVID-19 дар минтақа ва ҷаҳон ба вуҷуд овард, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар тавонистанд ба мардум бифаҳмонанд, ки ин беморӣ на ба ҳадде тарсу ваҳмнок аст, ки атрофи он ҳангомаҷӯён ба вуҷуд овардаанд.

Дар давраи паҳншавии чунин як бемории сироятӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намудан ва бо мардум озодона суҳбату вохуриҳо анҷом додан бори дигар далели раднопазири он аст, ки Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дорои азму иродаи қавӣ мебошанд ва ҳеҷ мушкилоте наметавонад монеаи мулоқоти самимии эшон бо мардуми сарбаланди кишвар гардад.

Хушбахтона, баъди 8 моҳи ба қайд гирифтани бемории COVID-19 дар Тоҷикистон бори аввал 31 декабри соли 2020 дар кишвар ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Ҳамзамон, санаи 30 декабри соли 2020 охирин гирифторони бемори COVID-19, ки дар беморхона табобат мегирифтанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, то имрӯз, 11 январи соли 2021 дар беморхонаҳои кишвар ягон нафар гирифтори бемории COVID-19 қарор надорад.

Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда самараи талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони соҳаи тандурустӣ ва дастгириву риояи шаҳрвандони кишвар аз иқдомҳои Ҳукумати мамлакат ва тавсияҳои мутахассисони соҳа дар самти пешгирии бемории мазкур ба ҳисоб меравад.

Агар як омили аслии назар ба кишварҳои ҳамсоя дар Тоҷикистон каме дертар ба қайд гирифтани бемории коронавируси нави COVID-19 саривақт андешидани чораҳои пешгирикунанда, махсусан, ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба мамлакат ворид шуданд, ба шумор равад, омили дигаре, ки ба коҳиш ёфтани шумораи гирифторони бемории коронавирус дар кишвар сабаб гардид, қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар ва дигар қарорҳои дахлдори ситоди мазкур дар самти пешгирии бемории мазкур ба шумор мераванд.

Дар ин росто, қайд кардан ба маврид аст, ки шурӯъ аз моҳи майи соли 2020 дар доираи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 ҳамарӯза се маротиба, соати 17:00-и бегоҳ, 00:00-и шаб ва 08:00-и субҳ ба тариқи онлайн баргузор мегардад, ки дар он шахсан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд.

Дар ҷаласаи ситоди вазорат пеш аз ҳама масъалаи гардишҳои хонагӣ, дарёфт ва ба ташхис фаро гирифтани беморон ва гумонбарони бемории коронавируси нави COVID-19 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Махсусан, аз ҷониби сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва роҳбарони беморхонаҳо табибони оилавӣ ба минтақаҳои аҳолинишон тақсим шуда, гаштҳои хонагӣ анҷом додаву нафарони дорои нишонаҳои бемории COVID-19-ро ба ташхис фаро гирифта хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, нафароне, ки бо нишонаҳои сабуки ин беморӣ дарёфт карда мешаванд, дар муҳити хона ба табобат фаро гирифта шуда, нафарони дорои нишонаи вазнин ба беморхона интиқол дода мешаванд.

Ҳангоми баргузории ситоди вазорат дар се марҳила сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, аз ҷумла чанд хоҷагиро гаштан, чӣ қадар гумонбар дарёфт намудан ва ҳамзамон чанд нафарро пас аз табобат аз беморхона рухсат додан ба роҳбарият вазорат ҳисобот  пешниҳод менамоянд.

Инчунин, тибқи супориши роҳбарияти вазорат аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, махсусан рӯйхати шаҳрвандоне, ки бо нишонаҳои бемории коронавируси нави COVID-19 аз ҷониби табибони оилавӣ ба қайд гирифта мешаванд,  бо навиштани  ному насаб, суроғаи истиқомат ва рақами телефони мобилӣ ба вазорат пешниҳод  мегарданд.

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи беморони бақайдгирифташуда, тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза гуруҳи махсус бо онҳо дар тамос баромада, аз вазъи саломатӣ ва хизматрасонии табибон пурсон  шуданд. Дар навбати худ, агар беморе аз хизматрасонии тиббӣ шикоят  намояд, ном ва суроғаи ӯ навишта шуда, ба роҳбарият вазорат пешниҳод мегардад. Дар ҷаласаи ситоди вазорат  аз рӯйи суроғаи зисти нафари шикояткунанда ба роҳбари муассисаи тандурустии шаҳр ва ё ноҳияи мазкур супориш дода мешавад, ки аз ҳоли шаҳрванд бохабар гардида, аз натиҷааш ба вазорат маълумот пешниҳод намояд.

Чунин тарзи корбарӣ на танҳо барои саривақт дарёфт ва ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон мусоидат намуд, балки имкон дод то шиддати ин беморӣ ҳарчӣ зудтар дар Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёбад.

Ҳамзамон, бо мақсади шиносоии бевосита бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар дар давраи паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона  ва рӯзонаро ба роҳ монд.

Дар ҷараёни боздиди хеш вазир ва муовинони вазир, сардорони раёсатҳо ва дигар масъулини вазорат шабона ва рӯзона ба муассисаҳои тандурустӣ ташриф оварда, бо вазъи хизматрасонии онҳо шиносоӣ пайдо намуданд. Аснои боздид роҳбарияти вазорат ба бемороне, ки дар қайди  марказҳои саломатӣ қарор доштаву аммо дар хона табобат мегирифтанд, шахсан занг зада, аз вазъи саломатияшон пурсон  мешаванд.

Воқеан ҳам ин иқдоми роҳбарияти вазорат дар самти назорати қатъӣ ва ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат  мусоидат намуд.

Дар ин давра марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, марказҳои саломатии шаҳри Душанбе ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаштанд. Инчунин, дар ин давра дар марказҳои саломатии кишвар телефонҳои боварӣ таъсис ёфта, ба нафарони муроҷиаткунанда саривақт хизматрасонии тиббӣ расонида мешавад. Дар ҳақиқат, дар чунин як давраи душвор марказҳои саломатӣ фаъолияти назаррас нишон дода, ба шаҳрвандон саривақт хизматрасонии тиббиро анҷом доданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо мақсади мубориза бар зидди бемории сироятии COVID -19  ва табобати сироятёфтагон  ду маркази машваратии тиббии боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  таҳти рақами кӯтоҳи 311 ва 511 фаъол  гардиданд, ки дар давраи паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 ҷиҳати огоҳонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ ва табобати бемории мазкур саҳми бориз гузоштанд. Маҳз дар ин давра ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар бо саволҳои марбут ба ин беморӣ ба телефонҳои боварии  мазкур муроҷиат намуда, аз мутахассисони соҳа ҷавобҳои қаноатманди хешро гирифтаанд.

Айни замон дар тамоми гузаргоҳҳои кишвар, ки шаҳрвандон аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд. Дар навбати худ шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ҳамаҷониба аз ташхиси лозима гузаронида мешаванд.

Албатта, ҳанӯз ҳам бемории коронавируси нави COVID-19 дар як қатор нуқоти ҷаҳон бедодгарӣ мекунад.  Дар навбати худ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти хешро дар самти табобат ва пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани гардишҳои хонагӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро  идома дода, бо баргузории ҷаласаҳои ситод пайваста вазъи бемории мазкурро дар кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳад дод.

Январь 11, 2021 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон