Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ идома дорад

Январь 27, 2021 11:16

ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ таҳти раёсати тарафи Тоҷикистон идома дорад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба котиботи СҲШ хабар медиҳад.

Тарафи мизбон барои намояндагони доимии кишварҳои узв дар Котиботи СҲШ ва кормандони қароргоҳи марказии Созмон тамошои онлайни чорабиниро ташкил намудааст.

Дар рӯзи аввали ҷаласа, 26 январ, тарафи Тоҷикистон иштирокчиёнро  бо ҷараёни омодагиҳо ба нишасти навбатии СҲШ, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, инчунин дигар чорабиниҳо дар сатҳи вазоратҳо ва коршиносон шинос намуд.

Тарафайн оид ба лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи тарафи раисикунанда дар мавриди рӯзномаҳо, рӯйхати асноде, ки имзои онҳо дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамоҳангсозони миллӣ инчунин лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021 ва Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ барои соли 2021-ро муҳокима карданд.

Ҷаласа то 29 январи соли 2021 идома хоҳад ёфт.

Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ фаъолияти ҷории СҲШ-ро ҳамоҳанг ва ҳамкории вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои узви СҲШ-ро таъмин менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки 10 ноябри соли 2020 сурат гирифт, раёсати Созмонро ба уҳда гирифт.

Давраи раёсати Тоҷикистон ба бистумин солгарди таъсиси Созмон рост омад ва он таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ”сурат мегирад.

АКСҲО аз Котиботи СҲШ

Январь 27, 2021 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд