Дар Душанбе фаъолияти 20-солаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон натиҷагирӣ гардид

Январь 11, 2021 15:47

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз таъсиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ шуд. Бахшида ба ин санаи муҳим роҳбарони Хадамоти мазкур зимни баргузории ҷамъомад таъсиси ниҳод ва фаъолияти  20- солаашонро натиҷагирӣ намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдумаҷид Муминзод иброз намуд, ки таъсиси мақомоти давлатии зиддииинҳисорӣ ба давраи соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.  Маҳз дар ин давра 11 январи соли 2001 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ-Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз соли 2006 то соли 2010 он ҳамчун воҳиди сохтории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамуд.

Зикр гардид, ки  3 майи соли 2010 мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 «Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар шакли мақомоти мустақил- Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Барои пешбурди фаъолияти ин ниҳоди навтаъсис, ки он замон заминаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи соҳавӣ вуҷуд надошт, мутахассисони варзида ҷалб карда шуданд. Новобаста аз навтаъсисӣ маҳз аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аввалин маротиба бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ки яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар мебошад, бо роҳи таъмини ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некуаҳволии аҳолӣ «Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои гузаронидани ислоҳоти марҳила ба марҳилаи мусоидат ба рушд ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон, шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ тақвияти хамкорӣ бо бахши хусусӣ саҳмгузор мебошад. Дар баробари ин, дар як муддати кӯтоҳ маҷмӯаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» таҳия ва кабул карда шуданд, ки дар ҷумҳурӣ самтҳои афзалиятноки муносибатҳои иктисодию иҷтимоиро ба танзим медароранд. Аввалин маротиба аз ҷониби мақомот дар заминаи ислоҳоти дастгирии давлатии соҳибкорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» таҳия карда шуд, ки 28 июли соли 2006 ба тасвиб расонида шуд.

Имрӯзҳо дар пайгирии сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати давлатии зиддиинҳисорӣ фаъолият менамояд. Мақомоти зиддиинҳисорӣ дар соҳаи иқтисодии мамлакат ниҳоди нави ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, дар роҳи ташаккули худ миёни сохторҳои иқтисодӣ, таъсиррасонӣ ба бозори мол, рушди муносибатҳои бозаргонӣ, дифоъ аз рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон қадамҳои устувор мегузорад.

Январь 11, 2021 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад