Дар Хуҷанд зимни амалиёти «Тозагии соҳил» ба андозаи 2 километр канори Сирдарё тоза карда шуд

Январь 14, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зист амалиёти  «Тозагии соҳил» гузаронида шуд, ки дар он доираи васеи омӯзгорону хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд» фаъолона иштирок карда, дар натиҷа 2 километр соҳили Сирдарё, аз ҷумла минтақаи обутобҷои соҳили чапи дарёи Сирро аз партовҳо тоза намуданд. Иқдоми мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади  пешгирии ифлосшавии соҳилҳои дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.

Дар амалиёти «Тозагии соҳил» 250 нафар иштирок намуда, аз ҷониби Муассисаи махсуси нақлиётии партовкашонии шаҳри Хуҷанд дар маҷмӯъ 6 метри мукааб ахлоту хокрӯба ба партовгоҳ бароварда шуд.

Дар минтақаи обутобҷои  соҳили чапи Сирдарё,  новобаста аз фаслҳои сол сокинон пайваста ба машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд. Аз ин рӯ мунтазам тоза нигоҳ доштани ин минтақа, ки ба саломатии инсон вобастагӣ дорад, мувофиқи мақсад мебошад, зеро тозагӣ гарави саломатист.

Январь 14, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ