Дар корхонаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и Хуҷанд гармхона ва мағозаи фурўши гулу кўчат бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд бунёди ду адад гармхона, мағозаи фурўши гулу кўчат ва нуқтаи маслиҳатдиҳӣ оид ба парвариши онҳо дар назар аст. Дар ин бора зимни боздид аз фаъолияти муасссаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иттилоъ доданд.
Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳудуди муассисаи мазкур беш аз 8 гектарро ташкил дода, дар он ду адад гармхона бо парвариши гулҳои мавсимӣ фаъол мебошанд. Ҳоло дар ин муассисаи гулпарварӣ қариб 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш ёфта истодаанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати парвариши гулҳои мавсимӣ дар гармхонаҳои муассиса ва кӯчати онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то оғози фасли баҳор тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки ба таъмиру ороиши биноҳои иҳотавии муассиса, буриши санитарии дарахтон ва нигоҳубини доимии ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир шавад. Дар зудтарин фурсат гармхонаҳои дигари муассиса ба кор андохта шуда, ба манфиати молии коргоҳ мутобиқ гардонида шаванд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замини муассиса тадбирҳо андешида шуда, дар қитъаҳои алоҳида кишти кабудию сабзавот барои таъмини бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад. Ҷиҳати парвариши дарахтони нодир, ки минбаъд дар кўчаву хиёбонҳои асосии шаҳр шинонида мешаванд, чораҳои амалӣ роҳандозӣ гарданд.
Масъулини муассисаи «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои гузошташуда аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, дар хурраму сабзазоркунии шаҳри бостонии Хуҷанд ҳисса гузоранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






