Дар Маҷлиси намояндагон Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд

Январь 26, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 26.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи панҷуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.  Дар ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  Паём ироа намуданд.

Ҳайати дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули ин мақоми олии қонунбарор тавассути оинаи нилгун Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо карданд.

Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Яке аз падидаҳои муҳим дар давлатҳои муосир институти Паёми Сарвари  давлат ба Парлумон мебошад, ки онро конститутсияҳои аксари кишварҳои ҷаҳон муқаррар менамоянд.

Хурсандиовар аст, ки Паёми Сарвари давлат ба Парлумон оид ба вазъи кишвар ва дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат имрӯз ба ҳукми анъана даромада, дар як қатор кишварҳои олам ба маъракаи муҳими сиёсиву давлатӣ табдил ёфтааст.

Паёми Сарвари давлат ба Парлумон ҳамчун санади муҳими ҳуқуқии  Президенти мамлакат имрӯз мақому манзалат ва нуфузу эътибори бештар касб намудааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дорои аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ будан инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо сабаби баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.

Паёми мазкур  ҳамчун санади муҳими Сарвари давлат дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҷои махсусро ишғол менамояд. Зеро солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, хавфҳои нави  умумибашарӣ ба миён омадаанд. Дар ин раванд  аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузории онро бесаброна интизор шуда, тавассути телевизион бо таваҷҷуҳи хос тамошо мекунанд.

Январь 26, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
БАРНОМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Форуми дуюми занони Осиё иштирок намуданд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд