БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад

Июнь 9, 2026 09:38

ДУШАНБЕ, 09.06.2026. /АМИТ Ховар/. Бо қарори ЮНЕСКО 9 июни соли 1948 Шурои байналмилалии бойгониҳо таъсис ёфт. Шуруъ аз ҳамон сол дар аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон 9 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии бойгонӣ (International Archives Day) таҷлил мегардад. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

-Бо гузашти айём рӯйдоду воқеаҳои зиндагӣ ба саҳифаи таърих ворид мегарданд ва бойгониҳо онро дар худ нигоҳ медоранд. Омӯзиши таърихи гузашта дар заминаи маводи бойгониҳо ба даст оварда мешавад. Ҳар як коғаз, ҳуҷҷат, расм, навори видеоӣ, садо, нақша, ҳатто пора ё ҷузъи хурди онҳо далели тасдиқсозанда ва раднашавандаи ҳақиқати таърихӣ буда, дар асоси онҳо садҳо маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ ба табъ расида, барномаҳои радиоию телевизионӣ таҳия мешаванд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «ҳар лаҳзаи ҳаёт таърих аст ва он дар шаклу намудҳои мухталиф инъикос меёбад. Дар ин раванд ҳуҷҷату санадҳо ва маводи сабтӣ аз ҳамин қабиланд, ки наслҳои оянда оид ба ҷараёни зиндагии давраи муайян донишу тасаввурот пайдо мекунанд».

Бойгонӣ ганҷинаи бебаҳои миллат аст. Дар он ҳуҷҷатҳои арзишманде маҳфузанд, ки таърихи давлат, фаъолияти ниҳодҳо, дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мардумро инъикос мекунанд. Ҳар як санад, новобаста аз шакл ва муҳтаво, порае аз таърих аст, ки барои омӯзиши гузашта ва сохтани оянда аҳамияти калон дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, фаъолияти бойгонӣ низ шакли нав касб мекунад. Рақамигардонии ҳуҷҷатҳо, таъсиси пойгоҳҳои электронии маълумот ва истифодаи технологияҳои муосир имконият медиҳанд, ки дастрасӣ ба иттилооти бойгонӣ осон ва самаранок гардад. Ин раванд инчунин барои ҳифзи дарозмуддати ҳуҷҷатҳо ва пешгирии талафоти онҳо мусоидат мекунад.

Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузориро дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро намуда, масъули рушди минбаъдаи такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа барои боло рафтани нақшу мақоми Хадамоти бойгонии ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо», «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018» ва ғайраҳо ба рушди минбаъдаи соҳа ва такмили фаъолияти бойгонидорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи бойгонии дорои аҳамияти илмӣ, амалӣ ва таърихӣ дошта, дар 13 бойгонии давлатӣ маҳфуз буда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» аз 13 ноябри соли 1998 мавриди ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифода, идоракунӣ ва ҳимоя қарор доранд. Ҳуҷҷатҳои ин хазинаи бебаҳо инъикосгари таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро аз нимаи дуюми асри ХIХ то имрӯз буда, дар маводи коғазӣ ва ғайрикоғазӣ (пленкаи суратӣ, лентаи магнитӣ, тасмаи синамоӣ) ҳифз мешаванд. Аз ҷумла, Бойгонии давлатии марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 филиали он дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рашт, Бойгонии марказиии давлатии ҳуҷчатҳои аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва чанд филиалҳои он дар шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан ва Панҷакент, Бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, Бойгонии давлатии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ фаъолият менамоянд. Теъдоди бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 65 ададро ташкил медиҳад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 «Дар бораи Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарраёсат ба саридора табдил дода шуда, низомнома ва сохтори он тасдиқ гардид.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо» бояд ҳар як идораву ташкилот, новобаста аз шакли фаъолият маводи таҳиякардаи худро баъди се сол ба бойгонии давлатӣ пешниҳод кунад.
Ҳоло дар Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2139 хазина, панҷ маҳфузгоҳ, ҳафтсад ҳазор парванда дошта, се давраи таърихиро дар бар мегирад. Давраи аввал аз соли 1861 то соли 1917, давраи дувум то соли 1991, давраи сеюм аз соли 1991 то инҷониб.

Дар суратҳуҷҷатҳо аксу таърихи нахустин қатора, нақлиёт ва аэроплане, ки ба Тоҷикистон оварда шудаанд, акси боздошти Иброҳимбек, садои Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Садриддин Айнӣ, филм иборат аз панҷ қисм дар бораи фаъолиятҳои Бобоҷон Ғафуров ва ғайра маҳфузанд. Нахустин кори киносозони тоҷик В. Кузин, А. Шевич ва А. Гезулин – «Омадани аввалин поезд ба Душанбе», ки ҳанӯз соли 1929 ба навор гирифта шудааст, аз экспонатҳои пурқимат ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо асосан аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ «Ховар», Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», вазоратҳо, осорхонаҳо, муассисаҳо, институтҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, театрҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ба бойгонӣ ворид мегарданд.

Аз маводи дар Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузбуда, ки махзани асосии сохтори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Имрӯз таҳқиқгарони зиёд дар толори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маводро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

Ҳучҷатҳои хазинаи бойгонӣ ҳамчунин дар шуъбаҳои дастхатҳои осорхонаҳо, китобхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва хазинаи бойгонии соҳавии як қатор вазорату идораҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Дар пешрафти кори бойгонидорӣ низ чун дар ҳамаи соҳаҳо нақши асосиро мутахассисони баландихтисос мебозанд. Дар ҷумҳурӣ кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ягона кафедрае ба шумор меравад, ки мутахассисони муаррих-архившиносро барои самтҳои гуногуни фаъолияти бойгонидорӣ омода менамояд.

Барои ба амал баровардани ҷараёни таълим дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи бойгонидории Тоҷикистон байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордод ба имзо расонида шудааст. Чунин қарордод бо факултаи китобдории Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода низ ба имзо расидааст.

Мутобиқи ин қарордод донишҷўёни ихтисоси таъриху архившиносии факултети таърих ва китобдорӣ имконият доранд, ки дарсҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии истеҳсолии худро дар бойгониҳои марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароранд ва ба ин восита ба таври амалӣ аз наздик бо корҳои бойгонӣ ошноӣ пайдо карда, дар худ малакаи касби ояндаро сайқал диҳанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 9, 2026 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
ДОДХОҲӢ БАРОИ РОБИАИ БАЛХӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ оид ба саҳми шоира дар рушди шеъри тоҷикӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли бодиринг барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи мунтазами помидор хатари бемориҳои дил ва сактаи қалбро кам мекунад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ вохурӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли райҳон ба кадом бемориҳо фоида ва чӣ зарар дорад?
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?