АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 11.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Навиштани ин матлаб аз сари эҳсоси одӣ ё баҳси гузаро нест, балки аз зарурати ҳифзи ҳақиқати таърихӣ, адолати маънавӣ ва посдории хотираи миллии тоҷикон сарчашма мегирад. Дар замоне ки баъзе андешаҳо ва навиштаҳо, бо сабабҳои гуногун, кӯшиш мекунанд чеҳраҳои бузурги таърихи моро аз муҳити аслии фарҳангӣ ва миллӣ ҷудо намоянд, сухан гуфтан дар бораи Абуалӣ ибни Сино танҳо як масъалаи илмӣ нест; он амали худшиносӣ, масъулияти виҷдонӣ ва посух ба ҳар гуна таҳрифи таърих мебошад.
— Ибни Сино шахсияте аст, ки бузургии ӯ марзи як миллатро убур кардааст, вале решаҳои ӯ аз хоки муайяни таърихӣ, аз муҳити тоҷикӣ, аз забон ва фарҳанги форсии тоҷикӣ, аз фазои маънавии Бухоро ва тамаддуни Сомониён неру гирифтаанд. Бинобар ин, таъкид бар тоҷик будани ӯ на кӯшиши маҳдуд кардани ҷойгоҳи ҷаҳонии ин нобиға, балки барқарор намудани пайванди ҳақиқии ӯ бо сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангии худ мебошад. Ҳар шахсияти умумибашарӣ пеш аз он ки ба тамоми инсоният тааллуқ пайдо кунад, дар оғӯши як тамаддун, як забон, як муҳит ва як халқ ба камол мерасад.
Ин мақола як пажуҳиши мухтасар дар ҳамин самт аст. Он ҳамчун посух ба касоне навишта мешавад, ки бо нодида гирифтани далелҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ, Абуалӣ ибни Синоро аз решаҳои тоҷикӣ ҷудо нишон додан мехоҳанд. Дар асл, масъалаи тоҷик будани Ибни Сино танҳо масъалаи насаб нест; он масъалаи пайванди илм, забон, фарҳанг, давлатдорӣ ва ҳувияти таърихист.
Бояд таъкид намоям, ки пештар низ ин мавзуъро ба таври васеътар мавриди таҳқиқ қарор дода будам ва китоберо бо номи «Абуалӣ ибни Сино — мутафаккири бузурги Шарқ, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва бо ҳуруфи ниёкон ба нашр расонида будам. Дар он асар масъалаи мансубияти таърихӣ, фарҳангӣ ва миллии Ибни Сино бо далелҳои бештар баррасӣ гардидааст. Матлаби ҳозир идомаи ҳамон андеша ва хулосаи фишурдаи як нигоҳи илмӣ-фалсафӣ ба ҷойгоҳи Абуалӣ ибни Сино дар оинаи ҳувияти таърихии тоҷикон мебошад.
Ҳанӯз дар «Энсиклопедияи бузурги советӣ» ҷойгоҳи Абуалӣ ибни Сино ба ҳайси намояндаи барҷастаи хирад ва фарҳанги тоҷикӣ бо забони равшани илмӣ таъкид гардидааст. Дар ҷилди якуми ин нашри муътабар, ки соли 1949 ба табъ расидааст, Авитсенна ҳамчун «выдающийся таджикский философ, учёный и писатель 11 в.» муаррифӣ мешавад. Дар ҷилди 17-уми ҳамин энсиклопедия, ки соли 1952 нашр гардидааст, Ибни Сино ҳамчун «выдающийся таджикский философ, естествоиспытатель, врач, математик, поэт…» ёд шуда, дар ҳамон ҷо тоҷик будани падари ӯ Абдуллоҳ аз Балх ва модараш Ситорабону аз Афшана низ махсус иброз мегардад.
Ин ишораҳо барои таҳқиқи ҳувияти таърихии Ибни Сино аҳамияти хос доранд, зеро онҳо на дар заминаи эҳсоси муосири миллӣ, балки дар яке аз манбаъҳои илмии эътирофшудаи асри XX сабт шудаанд. Аз ин ҷиҳат, тоҷик будани Ибни Сино танҳо мавзуи ифтихори миллӣ нест; он ҳақиқати таърихӣ, фарҳангӣ ва илмиест, ки бо сарчашмаҳои муътамад, бо муҳити Бухорои сомонӣ, бо насаби хонаводагӣ ва бо забони осори худи ӯ тасдиқ мешавад.
Дар замони истиқлол, арҷгузорӣ ба ин мероси ҷовидона бо ташаббусҳои давлатсозона ва фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазмуни нав гирифт. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Дар шарҳи расмии ин иқдом таъкид мегардад, ки таъсиси ҷоиза ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар рушди тандурустӣ ва илми тиб дар арсаи ҷаҳон сурат гирифтааст.
Ин ҷоиза на танҳо як рамзи қадршиносии илмӣ, балки идомаи сиёсати фарҳангиест, ки ҳадафи он эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии саҳми тамаддуни тоҷикон дар рушди илми башар мебошад. Номи Ибни Сино бо ин иқдом бори дигар аз доираи ёдбуди таърихӣ ба фазои ҳамкории байналмилалии илмӣ ворид мегардад ва тоҷиконро ҳамчун соҳибони яке аз меросҳои бузурги маърифатии ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
Дар таърихи башарият шахсиятҳое ҳастанд, ки аз ҳудуди замон, макон, қавм ва ҳатто як тамаддун фаротар мераванд. Онҳо ба як миллат тааллуқ доранд, аммо танҳо моли як миллат намемонанд; аз як сарзамин бармехезанд, вале ба уфуқи тамоми инсоният рӯшанӣ мебахшанд. Абуалӣ ибни Сино аз ҳамин гуна шахсиятҳост — нобиғае, ки дар симои ӯ хиради Шарқ, руҳи илмҷӯии инсон, фарҳанги шаҳрнишинии тоҷикӣ ва ҷустуҷӯи абадии ҳақиқат ба ҳам омадаанд.
Сухан гуфтан дар бораи Ибни Сино танҳо ёдоварӣ аз як табиб, файласуф, донишманд ё мутафаккири бузург нест. Ин сухан гуфтан дар бораи решаҳои таърихии як тамаддун, дар бораи ҳофизаи маънавии халқ, дар бораи пайванди забон, фарҳанг, андеша ва худшиносии миллӣ мебошад. Зеро шахсиятҳои бузург дар фазои холӣ ба вуҷуд намеоянд. Онҳо меваи як муҳити таърихӣ, як забони фарҳангӣ, як низоми маънавӣ ва як ҷаҳонбинии муайянанд. Агар решаҳои ин муҳитро нодида гирем, худи дарахти маърифатро низ пурра дарк карда наметавонем.
Абуалӣ ибни Сино дар замине ба камол расид, ки асрҳо пеш аз ӯ бо анъанаҳои илму адаб, фалсафа, шаҳрсозӣ, давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикӣ маъруф буд. Бухоро, Балх, Самарқанд, Хоразм ва дигар марказҳои илмию фарҳангии Мовароуннаҳр на танҳо маконҳои ҷуғрофӣ, балки фазои зиндаи тафаккур буданд. Дар ҳамин фазо забони форсии тоҷикӣ, фарҳанги сомонӣ, анъанаи маърифатпарварӣ ва муҳити илмии исломӣ ба ҳам омаданд ва шахсиятҳое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ ва Ибни Синоро ба арсаи таърих оварданд.
Масъалаи мансубияти қавмии Ибни Сино танҳо баҳси насаб ё ҷуғрофиё нест. Ин масъала, пеш аз ҳама масъалаи ҳувият, хотираи таърихӣ ва адолати маънавӣ мебошад. Ҳар гоҳ ки мо аз тоҷик будани Ибни Сино сухан мегӯем, мақсад маҳдуд кардани бузургии ӯ дар доираи як миллат нест. Баръакс, мо мехоҳем нишон диҳем, ки роҳи ӯ ба сӯи умумибашарӣ будан аз решаҳои мушаххаси таърихӣ ва фарҳангии тоҷикӣ оғоз шудааст. Ҳар нобиғае, ки ба ҷаҳон тааллуқ мегирад, пеш аз ҳама аз хоки муайян, аз забони муайян ва аз фарҳанги муайян неру гирифтааст.
Аз ин рӯ, баррасии ҷойгоҳи Абуалӣ ибни Сино дар оинаи ҳувияти таърихӣ на танҳо эҳёи як ҳақиқати гузашта, балки амали худшиносии имрӯз аст. Миллате, ки решаҳои маънавии худро мешиносад, дар баробари тундбодҳои таърих устувортар мемонад. Ва шахсияте чун Ибни Сино барои тоҷикон танҳо ифтихори таърихӣ нест; ӯ рамзи ҷовидонагии хирад, далели умқи фарҳанг ва нишонаи он аст, ки миллати тоҷик дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург ва фаромӯшнашаванда гузоштааст.
Дар ин мақола бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ, ба муҳити фарҳангии Бухорои давраи Сомониён, ба забони осори худи Абуалӣ ибни Сино ва ба анъанаи маънавии Мовароуннаҳр кӯшиш мешавад, ки тоҷик будани ин абармард аз нигоҳи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ равшан карда шавад. Мақсад аз ин таҳлил баҳси эҳсосӣ ё маҳдуд кардани мақоми ҷаҳонии Ибни Сино нест, балки нишон додани ҳақиқати решаҳои ӯст: Ибни Сино фарзанди фарҳанги тоҷикӣ буд ва аз ҳамин реша ба дараҷаи нобиғаи умумибашарӣ расид.
Ҳувияти ҳар шахсияти таърихӣ аз чанд унсур таркиб меёбад: зодгоҳ, муҳити хонаводагӣ, забони модарӣ, фазои илмию фарҳангӣ, анъанаи таълимӣ ва хотираи маънавии ҷомеае, ки ӯро ба камол мерасонад.
Дар мавриди Ибни Сино ҳамаи ин унсурҳо ба як самт ишора мекунанд: ба заминаи тоҷикӣ, ба муҳити форсии дарӣ, ба фарҳанги шаҳрии Бухоро ва ба давлатдории Сомониён, ки яке аз давраҳои тиллоии худшиносии тоҷикон ба шумор меравад.
Бинобар ин, тоҷик будани Ибни Сино танҳо як иддаои эҳсосӣ нест. Ин нукта аз забон, аз ҷуғрофиёи таърихӣ, аз муҳити маънавӣ, аз номи модар, аз зодгоҳи падар, аз осори форсии тоҷикӣ ва аз робитаи ӯ бо фазои Бухорои сомонӣ бармеояд. Агар шахсияти бузургро аз ин решаҳо ҷудо кунем, на танҳо таърихро норавшан месозем, балки худи мантиқ ва табиати ташаккули нобиғаҳоро низ нодуруст мефаҳмем.
Ҳувияти таърихӣ ва маънои он дар шинохти шахсият
Ҳувият мафҳуми сода нест. Он танҳо номи қавм ё ишораи ҷуғрофӣ нест. Ҳувият маҷмуи хотира, забон, урф, ҷаҳонбинӣ, таърих, арзиш ва тафаккур аст. Инсон ба воситаи ҳувият худро мешиносад ва гузаштаашро ба оянда мепайвандад. Барои миллатҳо низ ҳувият ҳамон риштаест, ки наслҳоро ба ҳам мепайвандад ва ба таърих маъно мебахшад.
Дар замонҳои пешин мардумон бештар бо дин, шаҳр, сулола, касб, мактаб ё доираи фарҳангии худ шинохта мешуданд. Аммо ин ҳолат маънои онро надорад, ки решаҳои қавмӣ, забонӣ ва фарҳангӣ вуҷуд надоштанд. Баръакс, ҳамин решаҳо дар забон, адаб, тарзи зиндагӣ, номгузорӣ, анъанаҳои хонаводагӣ ва муҳити таълимӣ равшан эҳсос мешуданд. Ибни Сино низ дар чунин фазое ба камол расид, ки дар он забони форсии тоҷикӣ, фарҳанги шаҳрнишинии тоҷикон ва анъанаи илмпарварии Сомониён нақши асосӣ доштанд.
Ҳар гоҳ масъалаи Ибни Сино ба миён меояд, бояд байни ду мафҳум фарқ гузошт: яке мақоми умумибашарии ӯ, дигаре решаи таърихии ӯ. Ӯ ба тамоми инсоният тааллуқ дорад, зеро осораш дар тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ ва маърифат ба хазинаи илми ҷаҳонӣ дохил шудааст. Аммо ин мақоми умумибашарӣ решаи миллию фарҳангии ӯро аз байн намебарад. Баръакс, нобиғаи ҷаҳонӣ ҳамеша аз як замин, аз як забон ва аз як муҳити муайян бармехезад. Барои Ибни Сино ин замин ва муҳит тоҷикӣ буд.
Бухоро, Балх ва фазои тоҷиконаи камолоти Ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшана, наздики Бухоро ба дунё омад. Бухоро дар он давра яке аз марказҳои бузурги илму адаб, давлатдорӣ ва фарҳанги тоҷикӣ буд. Давлати Сомониён, ки Бухороро ба яке аз пойтахтҳои маънавии Шарқ табдил дода буд, барои рушди забони форсии дарӣ, адабиёт, илм ва худшиносии тоҷикӣ заминаи бузург фароҳам овард. Падари Ибни Сино аз Балх буд. Балх аз қадимтарин марказҳои тамаддуни ориёӣ ва тоҷикӣ ба шумор меравад. Ин шаҳр дар таърихи фарҳанги Шарқ ҳамчун яке аз ҷойгоҳҳои бузурги маърифат, дин, фалсафа ва андеша шинохта шудааст. Модари Ибни Сино, ки дар сарчашмаҳо бо номи Ситорабону ёд мешавад, ба муҳити Бухоро мансуб буд. Худи ин ном бо зебоии забонӣ ва маъноии худ ба фазои тоҷикӣ ишора мекунад: «ситора» рамзи рӯшанӣ ва баландӣ аст, «бону» ишораи эҳтиром, асолат ва фарҳанги хонаводагии тоҷикон мебошад.
Аз ҳамин ду манбаъ — Балх ва Бухоро — решаҳои хонаводаи Ибни Сино шакл мегиранд. Балх рамзи қадимияти фарҳанг, Бухоро рамзи камолоти маърифат ва Сомониён рамзи эҳёи давлатдории тоҷикӣ мебошанд. Ин се унсур дар шахсияти Ибни Сино ба ҳам омада, аз ӯ нобиғае сохтанд, ки ҳам фарзанди замини тоҷикӣ буд ва ҳам устоди ҷаҳониён гардид.
Муҳити Бухорои сомонӣ барои Ибни Сино танҳо зодгоҳ набуд; он мактаби аввалини ҷаҳоншиносӣ, забоншиносӣ, китобхонӣ ва худшиносии ӯ буд. Маҳз дар Бухоро ӯ ба китобхонаҳо, ба муҳити баҳси илмӣ, ба осори фалсафӣ ва тиббӣ дастрасӣ пайдо кард. Ин шаҳр барои ӯ дарвозаи бузурги дониш буд. Агар Бухоро чунин фазои маърифатӣ намедошт, камолоти зеҳнии Ибни Сино низ ба он суръат ва умқе, ки таърих медонад, сурат намегирифт.
Забони модарӣ ва осори форсии тоҷикӣ
Яке аз далелҳои муҳим дар шинохти ҳувияти Ибни Сино масъалаи забон аст. Забон танҳо воситаи гуфтор нест; забон хонагоҳи руҳ, хотираи миллат ва шакли андешаи инсон мебошад. Забони модарӣ ба инсон на танҳо калимаҳо, балки тарзи дидан, тарзи маънидод кардан ва тарзи муносибат бо ҷаҳонро медиҳад. Аз ин ҷиҳат, забони форсии тоҷикӣ барои Ибни Сино танҳо забони муошират набуд, балки яке аз пояҳои аслии тафаккури ӯ ба шумор мерафт.
Маълум аст, ки қисми бузурги осори илмӣ ва фалсафии Ибни Сино ба забони арабӣ таълиф шудааст. Ин ҳолат ба талаботи замони ӯ вобаста буд, зеро арабӣ дар ҷаҳони ислом забони умумии илм, фалсафа ва дониш буд. Аммо ҳамин нукта ҳувияти тоҷиконаи ӯро инкор намекунад. Дар таърихи илм бисёр донишмандон осори худро ба забони илмии замон навиштаанд, вале ин забон решаи миллии онҳоро дигар накардааст.
Ибни Сино дар баробари осори арабӣ, ба забони модарии худ — форсии тоҷикӣ низ асарҳои муҳим офарид. «Донишнома»-и Алоӣ аз намунаҳои барҷастаи забони илмии форсии тоҷикӣ мебошад. Ин асар нишон медиҳад, ки Ибни Сино на танҳо файласуф ва табиби бузург, балки яке аз поягузорони истилоҳоти илмӣ ва фалсафӣ дар забони тоҷикӣ низ буд. Ӯ мафҳумҳои мураккаби фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ ва илоҳиётро бо имкониятҳои забони модарии худ баён кард ва ба ин забон неруи нави илмӣ бахшид.
Дар осори форсии тоҷикӣ, дар рубоиёт ва дар матнҳои мансуб ба ӯ руҳи забони модарӣ, содагии маъно, фалсафаи ботинӣ ва андешаи инсонпарварона эҳсос мешавад. Ин осор далолат мекунанд, ки Ибни Сино бо забони тоҷикӣ танҳо сухан намегуфт, балки бо он меандешид, бо он маъно месохт ва бо он ба ҷаҳони дониш ворид мешуд.
Муҳити сомонӣ ва худшиносии тоҷикӣ
Давраи Сомониён дар таърихи тоҷикон танҳо як марҳалаи сиёсӣ нест. Он давраи эҳёи забон, адаб, илм, шаҳрсозӣ, давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар ҳамин давра Бухоро ба маркази бузурги фарҳангӣ табдил ёфт; Рӯдакӣ шеъри тоҷикро ба авҷи камол расонд; забони форсии дарӣ ба забони адаб, фарҳанг ва давлатдорӣ табдил шуд; муҳити китобу дониш, баҳсу мунозира ва тарбияи илмӣ рушд кард.
Ибни Сино фарзанди ҳамин давра ва ҳамин фазост. Ӯ дар ҳавое нафас кашид, ки дар он эҳтиром ба дониш, китоб, устод, мантиқ, фалсафа ва табобат арзиши олӣ дошт. Аз ин рӯ, тоҷик будани ӯ танҳо аз насаб ё зодгоҳ барнамеояд, балки аз тамоми фазои маънавие бармеояд, ки ӯро парвариш дод.
Фарҳанги сомонӣ ба Ибни Сино ду неруи асосӣ бахшид: аввал, пояи забонӣ ва маънавии тоҷикӣ; дувум, руҳи ҷаҳонӣ ва илмӣ. Ин ду неру дар шахсияти ӯ ба ҳам омаданд. Аз як тараф, ӯ фарзанди муҳити тоҷикӣ буд; аз тарафи дигар, бо андеша ва осори худ ба тамоми ҷаҳон рӯ овард. Ҷовидонагии ӯ низ дар ҳамин аст: решааш тоҷикӣ ва самарааш умумибашарист.
Ном, хонадон ва рамзҳои ҳувият
Дар шинохти ҳувияти таърихӣ номҳо низ аҳамияти махсус доранд. Ном танҳо аломати фарқкунанда нест; он рамзи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва хотираи маънавии хонадон аст. Номи «Сино» дар шарҳҳои забонӣ ва фарҳангӣ ба анъанаҳои қадими эронитабори тоҷикӣ пайванд дода мешавад. Он дар фазои маъноии худ ба баландпарвозӣ, рӯшанбинӣ ва иртибот бо рамзҳои осмонӣ наздик аст.
Номи модари ӯ — Ситорабону — низ саршор аз маънои тоҷикӣ мебошад. «Ситора» рамзи нур, ҳидоят ва баландӣ аст; «бону» дар фарҳанги тоҷикӣ ишораи иззат, асолат ва занонагии шарафманд аст. Ҳатто ҳамин унсурҳои номгузорӣ нишон медиҳанд, ки хонадони Ибни Сино дар фазои маънавии тоҷикӣ зиндагӣ мекард.
Падари ӯ аз Балх ва модараш аз муҳити Бухоро буд. Ин ду марказ дар таърихи тоҷикон ҷойгоҳи бузург доранд. Балх бо қадимияти худ ва Бухоро бо шукуҳи сомонии худ ду сутуни ҳувияти таърихии тоҷиконанд. Ибни Сино аз пайванди ҳамин ду фазо ба майдони таърих баромад.
Ибни Сино ҳамчун поягузори забони илмии тоҷикӣ
Яке аз бузургтарин хизматҳои Ибни Сино ба фарҳанги тоҷикӣ дар он аст, ки ӯ имконияти илмии забони форсии тоҷикиро нишон дод. То ӯ ва ҳамзамон бо ӯ ин забон дар шеър, адаб ва давлатдорӣ мақоми баланд дошт. Аммо Ибни Сино бо таълифи осори фалсафӣ ва илмӣ ба ин забон нишон дод, ки форсии тоҷикӣ метавонад забони тафаккури дақиқ, истилоҳоти фалсафӣ ва таҳлили илмӣ бошад.
«Донишнома»-и Алоӣ аз ин ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Дар ин асар бисёр истилоҳҳо ва таркибҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ баён шудаанд. Ин амр барои рушди минбаъдаи забони илмии тоҷикӣ замина гузошт. Ибни Сино бо ин кор собит кард, ки забони тоҷикӣ танҳо забони эҳсос ва шеър нест, балки забони ақл, мантиқ, тиб, фалсафа ва илм низ ҳаст.
Ин хизмат аз доираи як китоб фаротар меравад. Он ба тамоми таърихи забони тоҷикӣ дахл дорад. Ҳар миллат вақте забони худро ба забони илм табдил медиҳад, худшиносии маънавии худро таҳким мебахшад. Аз ин ҷиҳат, Ибни Сино барои тоҷикон на танҳо нобиғаи тиб ва фалсафа, балки яке аз ҳомиёни бузурги иқтидори илмии забони модарӣ мебошад.
Ҷойгоҳи Ибни Сино дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва решаҳои тоҷикӣ
Ибни Сино дар таърихи ҷаҳон ҳамчун яке аз бузургтарин мутафаккирон шинохта шудааст. «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и ӯ садсолаҳо дар донишгоҳҳои Шарқ ва Ғарб китоби асосии тиб буд. Осори фалсафии ӯ ба андешаи исломӣ, фалсафаи асримиёнагии Аврупо, мантиқ, табиатшиносӣ ва назарияи маърифат таъсири амиқ гузошт. Ӯ аз зумраи он шахсиятҳоест, ки номи онҳо дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Аммо бузургии ҷаҳонӣ решаи тоҷиконаи ӯро аз байн намебарад. Баръакс, маҳз ҳамин реша ба ӯ қувваи маънавӣ, забонӣ ва фарҳангӣ бахшид. Ибни Сино мисли дарахти бузургест, ки шохаҳояш ба осмони тамоми инсоният расидаанд, аммо решааш дар хоки тоҷикӣ устувор аст. Агар шохаҳоро бинему решаро фаромӯш кунем, мо нисфи ҳақиқатро мебинем.
Барои тоҷикон Ибни Сино танҳо як номи таърихӣ нест. Ӯ рамзи он аст, ки миллати тоҷик аз қадим соҳиби фарҳанги баланди шаҳрӣ, забони илмӣ, анъанаи фалсафӣ ва қобилияти офаридани донишҳои умумибашарӣ будааст. Дар симои ӯ тоҷикон на танҳо гузаштаи худро мебинанд, балки неруи ояндаи худро низ эҳсос мекунанд.
Маънои дифоъ аз ҳақиқати таърихӣ
Дифоъ аз тоҷик будани Ибни Сино маънои кам кардани мақоми дигаронро надорад. Ин дифоъ аз ҳақиқати таърихӣ, аз адолати маънавӣ ва аз ҳофизаи миллӣ мебошад. Ҳар миллат ҳақ дорад фарзандони бузурги худро бишиносад, эҳтиром кунад ва ба ҷаҳониён бо далелу эҳтиром муаррифӣ намояд.
Тоҷикон дар тӯли таърих ба тамаддуни башарӣ фарзандони бузург додаанд: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммад ал-Хоразмӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон. Ин силсилаи бузург нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷикӣ танҳо фарҳанги маҳаллӣ набуда, балки яке аз сарчашмаҳои муҳими тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ин радиф, Ибни Сино мақоми махсус дорад. Ӯ ба воситаи тиб, фалсафа ва мантиқ забони тоҷикӣ ва муҳити тоҷиконаро ба уфуқи ҷаҳонӣ пайваст. Ӯ собит кард, ки аз муҳити Бухоро ва Балх метавон андешае бархезад, ки садсолаҳо ҷаҳонро равшан мекунад. Аз ин рӯ, зикри тоҷик будани ӯ на як таъкиди сода, балки як ҳақиқати таърихӣ ва фалсафист.
Абуалӣ ибни Сино дар оинаи ҳувияти таърихӣ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик падидор мешавад. Зодгоҳи ӯ, хонадони ӯ, забони модарии ӯ, муҳити Бухорои сомонӣ, осори форсии тоҷикӣ ва тамоми фазои маънавии камолоти ӯ ба тоҷик будани ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Ӯ аз решаҳои тоҷикӣ бархост, бо забони модарии худ низ осори илмӣ ва фалсафӣ офарид ва бо неруи хиради худ ба қуллаи умумибашарӣ расид.
Ибни Сино тоҷик буд, тоҷик мемонад ва дар хотираи таърих ҳамчун яке аз бузургтарин чеҳраҳои тамаддуни тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ ҷовидон хоҳад монд. Ҷовидонагии ӯ дар он аст, ки аз як решаи миллӣ ба як уфуқи башарӣ расид. Барои тоҷикон ӯ на танҳо мояи ифтихор, балки вазифаи маънавист: вазифаи шинохти худ, посдории ҳақиқат, эҳтироми мерос ва идомаи роҳи дониш.
То замоне ки ҷаҳон ба илм, фалсафа, тиб ва хирад эҳтиёҷ дорад, номи Абуалӣ ибни Сино зинда хоҳад монд. Ва то замоне ки миллати тоҷик решаҳои худро мешиносад, Сино дар оинаи ҳувияти тоҷикӣ ҳамчун ситораи ҷовидонаи маърифат хоҳад дурахшид.
Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик
АКС аз манбаъҳои боз








Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб гардид
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
ДОДХОҲӢ БАРОИ РОБИАИ БАЛХӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ оид ба саҳми шоира дар рушди шеъри тоҷикӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?






