ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 28 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор гардид. Доир ба аҳамият ва нақши конференсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, ташабусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мудири озмоишгоҳи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Номвар Қурбон чунин ибрози назар намуд:
— Боиси ифтихор ва саодати бузург аст, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум инҷониб иқдомҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва дигар масоили глобалии экологӣ, ба монанди «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (соли 2025), «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» (солҳои 2025-2034), «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором» (соли 2025), «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» (соли 2025) ва «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» (соли 2025) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Албатта, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод мегардад, дар асоси биниши жарф, таҳлили ҳамаҷониба ва арзёбии амиқу илмии мушкилоти мавҷуда рӯйи кор меояд. Аз ин ҷост, ки онҳо бо иттифоқи оро қабул мегарданд ва дар заминаи ташаббусу пешниҳодҳои Сарвари давлат Созмони Милали Муттаҳид беш аз 15 қатъномаи махсус қабул намудааст.
Ҳамзамон бояд хотиррасон намуд, ки дар доираи иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон давоми солҳои 2003-2026 дар шаҳри Душанбе 12 форум, симпозиум ва конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузор шуданд, ки бархе аз онҳо аввалин маротиба доир гардида, дар миқёси ҷаҳонӣ назир надоранд. Минҷумла, дар доираи нахустин ташаббуси Роҳбари давлати мо – Соли байналмилалии оби тоза, нахустин Форуми байналмилалӣ оид ба масоили оби тоза дар соли 2003 баргузор гардид, ки пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба «пойтахти ҷаҳон оид ба оби тоза» табдил дод. Ҳамчунин дар таърихи беш аз 130 солаи омӯзишу пажуҳиши пиряхҳо, танҳо дар доираи иқдоми ҷаҳонии Сарвари давлат – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 баргузор шуд. Дар баробари ин, маҳз дар доираи ташаббуси ҷониби Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дар таърихи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дуюмин Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 доир шуд.
Тазаккур бояд дод, ки конфронси якум ҳанӯз соли 1977 дар шаҳри Мар-дел-Платаи Ҷумҳурии Аргентина баргузор гардида буд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат конфронси дуюмро, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид, таърихӣ унвон карда, чунин иброз намуданд: «он дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид бори дуввум – баъди қариб 50 сол ба вуқуъ пайваст».
Тавъам ба ин дастоварду комёбиҳои беназири Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, дар масири ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим, бо мақсади дастгирии рушди устувор ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, тақвияти ҳамкорию шарикии ноилшавии ҳадафҳову вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, ки ҳадафҳои меҳварии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид платформаи Раванди оби Душанберо ба роҳ монад. Яъне, ин платформа ташаббуси навбатии Пешвои миллат барои идомаи талошҳои байналмилалӣ бо мақсади фароҳам овардани муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар бахши захираҳои об ва рушди устувор мебошад, ки дар доираи он ҳар ду сол конфронсҳои сатҳи баланди марбут ба захираҳои об баргузор карда мешаванд. Бинобар ин, дар робита ба Нақшаи амали Созмони Милали Муттаҳид, татбиқи ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва пайгирии амалии Ҳадафҳои рушди устувор (алалхусус, ҳадафи VI-ум «Оби тоза ва беҳдошт» ва зерҳадафҳои он – оби нӯшокӣ (6.1.1), беҳдошт (6.2.1a), гигиена (6.2.1b), оби партов (6.3.1), сифати об (6.3.2)), дар доираи Раванди оби Душанбе кофронсҳои якум (соли 2018), дуюм (соли 2022), сеюм (соли 2024) ва чоруми (соли 2026) байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардиданд.
Ҳар як конфронс бо фарогирии мавзуъҳо, масъалаҳои баррасишуда, чорабиниҳои канорӣ ва ҳуҷҷатҳои натиҷавӣ аз ҳам тафовут доранд. Дар доираи Кофронси якуми оби Душанбе, ки оғози татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, 6 чорабинии канорӣ баргузор шуда, дар анҷоми он се ҳуҷҷати натиҷавӣ қабул гардид.
Дар доираи конфронси дуюм 5 форум баргузор гардида, дар кори конфронс зиёда аз 2600 нафар аз 75 давлат ва 634 созмони миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва инчунин беш аз 500 нафар ба таври маҷозӣ иштирок намуданд. Зимни баргузории Кофронси сеюми оби Душанбе 9 форум, 5 муколамаи интерактивӣ ва 18 чорабинии иловагӣ доир гардида, дар кори конфронси чорум бошад, беш аз 2500 нафар бо шумули 1100 намоянда аз 110 давлат, 75 ташкилоти минтақавию байналмилалӣ, 170 ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва муассисаҳои академӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон дар инъикоси Кофронси чоруми оби Душанбе беш аз 100 хабарнигори хориҷӣ иштирок намуда, расонаҳои бонуфузе, чун «Синхуа» (Чин), «AL JAZEERA» (Қатар), «Reuters» (Британия), «L’Express», «LeMonde» (Фаронса), «ABN News Pakistan», «Pakistan TV Digital» (Покистон), «EnviroNews Nigeria» (Нигерия), НТВ (Россия), «Azertaj» (Озарбойҷон), «SociedadedoNoticians» (Мозамбик), «Евразийская Правда» (Белорус), «Kuon» (Камбоҷа), «TuranTales» (Лаҳистон) ва ғайра онро инъикос намуданд.
Ҳамчунин конфронсҳои оби Душанбе дар раванди омадагӣ ба чорабиниҳои дигари байналмилалии марбут ба обу иқлим нақши муҳим бозида, барои татбиқи ҳадафҳои оянда заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Аз ҷумла, Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» барои ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳиднамоии натиҷаҳои чорабиниҳои байналмилалие, чун Муколамаи Бонн, Форуми 9-уми ҷаҳонии об ва Саммити 4-уми оби Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором хидмат намуда, барои баргузории ҳамоишҳои байналмилалие, аз қабили Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 заминаи муосид фароҳам овард. Конфронси сеюми оби Душанбе бошад, дар занҷираи ягонаи чорабиниҳои ҷаҳоние, ба монанди Форуми даҳуми ҷаҳонии об, «Саммити Оянда»-и Созмони Милали Муттаҳид, ҳафтаҳои ҷаҳонии оби Сингапур, Қоҳира, Стокҳолм саҳми хеле муносиб дорад. Монанд ба се конфронси қаблӣ, Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар масири омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2026, Саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар соли 2027 ва Форуми ёздаҳуми ҷаҳонии об дар соли 2027 нақши бунёдӣ гузошт. Зеро зимни Конфронси чоруми оби Душанбе пешбурди уҳдадориҳо, тақвияти ҳамкорӣ, дастгирии Рӯзномаи ҷаҳонии об, натиҷаҳои конфронсҳои қаблии Раванди оби Душанбе ва ҳадафҳои даҳсолаи болозикр баррасӣ гардида, дар доираи он нишастҳои пленарии сатҳи баланд ва нуҳ ҷаласаи тахассусӣ, ки бо мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ҳамоҳанг шудаанд, баргузор шуданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии ин конфронс Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, зимни суханронӣ мушкилоти коҳишёбии захираҳои об, афзоиши талаботи истифодаи об, гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳои об, ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқаворӣ ва дигар масоили марбут ба захираҳои обро ҳамаҷониба таҳлил карданд ва талошҳои ҷониби Тоҷикистонро барои дар меҳвари Рӯзномаи ҷаҳонии рушд қарор додани масоили марбут ба об иброз намуданд.
Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзуи об, ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо як зумра мушкилиҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардааст». Дар ин маврид, далелҳои мушоҳидаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки комилан ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, зеро мувофиқи арзёбиҳо, бо афзоиши мушкилоти экологӣ, махсусан тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ раванди ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон бо мақсади ҷалби созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иқдоми беназиреро рӯйи даст гирифтанд.
Зеро далелҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки то соли 2050 талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба оби нӯшокӣ 25 фоиз меафзояд ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд. Ҳамзамон барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, пешниҳод намуданд, ки дар оянда мавзуъҳое, чун маблағгузории устувор, ҳамгироии сиёсати об бо иқлиму энергетика, озуқаворӣ ва низомҳои муҳитзистӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ба мавзуъҳои меҳварии Рӯзномаи нави об ворид карда шаванд. Маҳз бо назардошти мушкилоти афзояндаи марбут захираҳои об ва пайдо кардани роҳҳалҳои саривақтӣ ба мушкилоти мавҷуда, ба ҷойи платформати Раванди оби Душанбе, ки дар ҳалли мушкилоти глобалии об на кам аз институтҳое, чун Шурои ҷаҳонии об (World Water Council) ва «СММ – Об» («UN – Water») ҷойгоҳ дорад, механизми комилан ҷадидеро бо номи «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис доданд.
Зеро маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат мушкилоти марбут ба об аз назария ба амал пайваст, яъне бо ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили об ба Рӯзномаи ҷаҳонии амалҳо ворид карда шуд.
Ҳамзамон мо ба мақсади пешбурду тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар аз ҷониби Пешвои миллат Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, «ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст».
Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси байналмилалӣ дар соҳаи об ҷоизаҳое таъсис ёфтаанд, ки танҳо ба як бахши махсуси марбут ба об, аз қабили лоиҳаҳои беҳтарин дар самти тозакунии обҳои партов, бартарии корҳои муҳандисию илмӣ дар соҳаи об ва пажуҳишҳо дар минтақаҳои хушк супорида мешаванд. Хушбахтона, бо фарқ аз ин бахшҳо, ки ба дарёфти ҷоизаҳои гуногун дар соҳаи об шарафёб мегарданд, самтҳои фарогирии Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об хеле фарох ва бисёрҷониба мебошад.
Ин ҷоиза тамоми ҷанбаҳои марбут ба об, аз қабили ҳамкории байналмилалии соҳаи об, тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди устувори экологӣ ва пешбурди корҳои амалиро ба ҳам оварда, дар бартараф намудани мушкилоти ҷаҳонии об саҳми бузург гузорад. Яъне, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об фарогири ҳадафҳои меҳварии ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбари давлат дар соҳаи обу иқлим буда, омилҳои асосии сиёсати экологии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муттаҳид менамояд.
Ҳамзамон аҳамияти Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим инъикос меёбад, зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамкории муассир ва роҳҳои ҳалли идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ниёз дорад ва мамлакати мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистаанд таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба ин масъала ҷалб намояд.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад, барои рушди таҳқиқоти бунёдии илмӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи об ва пешбурди ҳамкорӣ дар самти захираҳои об заминаи мусоид фароҳам оварад. Чун ҳавасмандгардонии олимону мутахассисон барои анҷоми таҳқиқот оид ба истифодаи самараноки об, пешгирии талафоти захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус ба ҳисоб меравад. Муҳимияти дигари ин ҷоиза дар он аст, ки ин дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таъсис ёфт ва албатта, ин аҳамияти байналмилалии ташаббусро боз ҳам тақвият бахшида, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мушкилоти марбут ба обро чун масъулияти умумибашарӣ арзёбӣ менамояд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувори экологӣ мебошанд ва аз ин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳадафҳои зеринро дорад:
- Эътирофи дастовардҳои олимон, сиёсатмадорон ва дипломатҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим;
- Тақвияти «дипломатияи об» ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди рушди устувор;
- Ҳавасмандгардонии таҳқиқоти бунёдӣ ва дастгирии робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи об;
- Таблиғи арзишҳои инсондӯстона ва ҳадафҳои меҳварии сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ.
АКС: АМИТ «Ховар»








БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
ДОДХОҲӢ БАРОИ РОБИАИ БАЛХӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ оид ба саҳми шоира дар рушди шеъри тоҷикӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли бодиринг барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи мунтазами помидор хатари бемориҳои дил ва сактаи қалбро кам мекунад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ вохурӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли райҳон ба кадом бемориҳо фоида ва чӣ зарар дорад?
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ РУСӢ. Ба омӯзиши он дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад






