Дар Суғд Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…» доир мешавад

Январь 27, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд Фестивали вилоятии заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…» доир карда мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивали мазкур бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини заргарии миллӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги заргарӣ, арҷгузорӣ ба меҳнати истеҳсолкунандаи маснуоти заргарӣ ва муаррифии навъҳои гуногуни заргарии миллӣ гузаронида мешавад. Озмун дар 2 давр: шаҳру ноҳияҳо ва вилоятӣ доир гардида, ғолибон  бо диплому мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…» дар асоси банди 1-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 баҳри эҳё ва рушди соҳаи заргарии миллӣ, коркарди сангҳои ороишию қиматбаҳо ва омезиши онҳо бо дастовардҳои давлатҳои пешрафта тайи чанд соли охир аст, ки дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳои вилояти Суғд доир карда мешавад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст