Дар Суғд озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Январь 28, 2021 10:40

 ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад. Ғолибони озмун бо дипломҳои дараҷавӣ ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 1000 то 3000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмуни мазкур дар ду давр: ноҳиявӣ ва вилоятӣ доир гардида, дар он сокинон новобаста аз сол бо маҳсулоти худ метавонанд иштирок намоянд.

Озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади мусоидат дар рушди ҳунари сангтарошӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи ҳунармандон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳар минтақаи вилояти Суғд коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ бо тарзу усули хоси минтақаи ҷойгиршавӣ ба роҳ монда шуда, яке аз ҳадафҳои озмун муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мешавад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид