Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» иштирок мекунад

Январь 21, 2021 16:01

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-умин Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021», ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» бо дастаҳои мунтахаби наврасони Беларус, Қазоқистон ва Молдова вомехӯрад.

Барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар «Ҷоми рушд-2021» дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Беларус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» дар Минск

1-ум давр
31 январ (якшанбе)
14:00. Қазоқистон – Тоҷикистон
17:30. Белорус – Молдова

2-юм давр
3 феврал (чоршанбе)
14:00. Тоҷикистон – Молдова
17:30. Белорус – Қазоқистон

3-юм давр
6 феврал (шанбе)
14:00. Молдова – Қазоқистон
17:30. Белорус – Тоҷикистон

Январь 21, 2021 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд