Ду корманди Вазорати корҳои дохилӣ барои гирифтани пора дастгир шуданд

Январь 19, 2021 13:24

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе нисбат ба Исматшозода Зебуниссо Исматшо ва Ҳалимзода Қумригул Раҷаб бо моддаи 247 қисми 2, бандҳои «б», «в» ва «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Зебуниссо Исматшозода дар вазифаи сардори шуъбаи таҳлил ва назорати Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо таҳқиқотчии ҳамин Раёсат Ҳалимзода Қумригул Раҷаб 8 сентябри соли 2020 дар бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд «А» вохӯрда, аз охирин барои аз махзани маълумотии Сармаркази иттилооти таҳлилии вазорати мазкур тоза кардани маълумот дар бораи доғи судӣ доштанаш 1200 доллари ИМА талаб намудаанд.

10 сентябри соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Исматшозода З. ва Ҳалимзода Қ. баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 1200 доллари ИМА дастгир гардида, маблағи мазкур аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Январь 19, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ботканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ беш аз 19 миллион ҷудо гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба таври манфиатбахш густариш меёбад
Дар шаҳри Роғун Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
Артиши миллии Тоҷикистон қодир аст, ки амнияти давлату миллатро пурра таъмин намояд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Дар 11 дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбии ноҳияи Рӯшон чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Дар Ереван ҷаласаи 34-уми прокуророни генералии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Хуҷанд машварати дуюми дуҷонибаи котиботи Шурои амнияти Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид
Дар Ереван прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Арманистон тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд