Хайринисо Юсуфӣ: «Паёми Президенти мамлакат — муждаи пирӯзии миллат дар ҳама овардгоҳҳои маънавию моддиву рӯҳонист»
ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат паёми тозаи нусратофарин ва ояндаафрӯз буда, муждаи пирӯзии миллат дар тамоми соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, паёми омадани идҳову ҷашнҳои мубораки Ватан аст. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ.
— Соли гузашта барои аҳли сайёра соли шадидтарин имтиҳонҳо буд. Давлатҳои ҷаҳон, ҳатто кишварҳои пешрафта аз ин озмоиши сангин нотавон берун омаданд. Аммо хушбахтона, бо вуҷуди таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ иқтисоди кишвари мо 4,5 баробар рушд намуд,- афзуд Хайринисо Юсуфӣ.
Ба андешаи ӯ, бо вуҷуди мушкилоти эҷодшуда ва марзҳои баста соҳаҳои гуногун, бахусус соҳаи саноат ва кишоварзии мамлакат дар ҳоли рушд ва инкишоф қарор доранд. Беш аз 300 корхона ва коргоҳои саноатӣ ба истифода дода шуда, 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ афзуд, ки бо ҳушдорҳои пайдарпаи Пешвои хирадсолорамон дар масоили замин ва фарҳанги заминдорӣ деҳқонони тоҷик тавонистанд соли гузашта ду-се маротиба ҳосил ғундоранд, ки шостаи аҳсанҳост. Соли сипаригардида илму маорифи бархе аз кишварҳои ҷаҳон бетаҳаррук шуд, аммо дар Тоҷикистон 157 муассисаи таълимӣ таъсис ёфт. Дар Паёми имсола ба масоили тадрису таълим руҷӯи муфассал шуд ва ду соли қаблӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳаёти аҳли ватан дигаргунии зебои рӯҳонӣ эҷод карда, ба мардум барои андӯхтани илму дониш таҳрики бузург бахшиданд. Дар Паёми навин оғози озмуни ҷадид дар риштаи улуми дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ бо унвони «Илм- фурӯғи маърифат» фарзандони ростини Синою Берунӣ, Қайси Розӣ ва Абумаҳмуд будани зиёини миллатро тасдиқ мекунад.
Ба андешаи Хайринисо Юсуфӣ, ҳамаи қисматҳои ҷомеа аз лутфу башоратҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҳамчун субҳи ҳидояту офтоби ҳимоят бархӯрдоранд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат 20 фоиз баланд бардоштани нафақаи кӯдакони маъюби то синни 18 ва 50 фоиз баланд бардоштани нафақаи маъюбони гурӯҳи якум бозгӯи меҳру муҳаббати пайвастаи Пешвои миллати раъиятпарварамон мебошад.
Инчунин аз 1 сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд намудани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо башоратест аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ба ояндаи илми тоҷик ва қишри ҷавони ҷомеа.








ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд






