Хатлон. Дар соли 2021 ба хонандагон-ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва омӯзгорон мукофотпулӣ дода мешавад

Январь 25, 2021 10:32

ДУШАНБЕ, 25.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар муҳаққиқе, ки соли 2021 рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад, ба роҳбари илмии ӯ низ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Инчунин дар баробари ҳар ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 ба омӯзгорон низ мукофотпулӣ дода мешавад. Ин нуктаро 23 январ дар маросими таҷлили ҷашни Сада дар толори Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон иброз намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Дар ин маросим ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», олимону муҳаққиқоне, ки дар соҳаҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва тиб рисолаҳои докторию номзадӣ дифоъ кардаанд, инчунин барандаҳои гранти раиси вилояти Хатлон бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Зикр гардид, ки аз вилоят дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 5100 нафар иштирок карда, аз ин теъдод 637 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Даври вилоятии озмун дар ду минтақа- шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб дар сатҳи баланд баргузор ва натиҷагирӣ карда шуда, 83 нафар бо Диплом, Ифтихорнома, маблағҳои пулӣ ва 101 нафар бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмун аз вилояти Хатлон 92 нафар ширкат намуда, ба гирифтани 20 ҷой, 1 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм, 12 ҷойи сеюм мушарраф гардида, бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят ғолибони  ҷойи якумро бо 10 ҳазор сомонӣ,  ҷойи дуюмро бо 7 ҳазор сомонӣ ва  ҷойи сеюмро бо 5 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ намуд.

Ҳамчунин дар ин маросим 21 нафар ғолибони озмун грантҳои нави раиси вилояти Хатлонро барои соли 2021 дар ҳаҷми аз 8000 то 20000 сомонӣ дастрас намуда, бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.

Инчунин ба 14 нафар муҳаққиқоне, ки дар соҳаҳои тиб, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба дарёфти дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳо шарафёб гардидаанд, дар ҳаҷми 5000 ва 10000 сомонӣ ва мукофоти ҳавасмандгардонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим шуд.

Январь 25, 2021 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид