«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Январь 26, 2021 15:27

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм – фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорат санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз намуд, баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.

Мавсуф зикр дошт, ки озмуни навбатӣ мисли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми қишри ҷомеаро фаро гирифта, ба ҳамоиши анъанавӣ табдил мегардад. Зеро пешравии ҷаҳони имрӯза аз ҷавонони китобдӯст ва донандаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ вобастагӣ дорад.

Ба гуфти Сарвари давлат, соли равон маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардидаи озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёд карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 ба барандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ тақдим гардида буд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  дар соли 2020  аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардида буд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 маблағи умумӣ барои мукофот 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медод, ки ба гирандаи Шоҳҷоиза  дар ҳаҷми 50000 сомонӣ  тақдим гардид.

Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин  ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монда шавад.

Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Хатлон 23 январ дар маросими таҷлили ҷашни Сада дар толори Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар иброз намуд, ки дар баробари ҳар ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 ба омӯзгорони онҳо низ мукофотпулӣ дода мешавад.

Январь 26, 2021 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАВОНОН- ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе таҳти чунин унвон роҳпаймоии осоишта доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Португалия дар ҳамоиш оид ба мудирият ва устуворӣ дар фаъолияти кайҳон иштирок намуд
Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон: Рассомҳо дар таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақши муносиб мегузоранд
«ШИНОХТИ САРАЗМ». Имрӯз ин филми мустанади Тоҷикистон дар Озарбойҷон намоиш дода мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон оғоз мегарданд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Суратгузориш аз ҳамоиш дар шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Либос ҳусни инсон аст»
Камол Насрулло: «Имрӯз миллати тоҷик бо эътиқоду эътимоди нав рӯ ба «Шоҳнома» овардааст»
Дар шаҳри Ашқобод муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд
Нақши Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рақамигардонӣ ва тарғиби санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Байни «Тоҷикфилм» ва «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» имзо шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд