Кормандони АМИТ «Ховар» Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ муташаккилона тамошо карданд

Январь 26, 2021 12:24

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» муташаккилона тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ мустақиман тамошо карданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, аз ҷумла тариқи Радиои «Ховар FM» мустақиман пахш гардид.

Январь 26, 2021 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд