КВД «ПЛИН»-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ғолиби озмуни «Дӯстии халқҳо» гардид
ДУШАНБЕ, 8.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН)-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ғолиби озмуни «Дӯстии халқҳо» гардида, бо дипломи «Беҳтарин таҳиягари қисми конструктивии лоиҳаҳо дар соли 2020» сарфароз гардид. Дар ин бора аз Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дипломи мазкурро ба сардори КВД «ПЛИН» Валиҷон Махсумов тақдим намуда, гуфт, ки «дар ҳақиқат дар муддати начандон тӯлонӣ корҳо дар Пажуҳишгоҳ ҷоннок гардида, беҳтарин мутахассисон ба кор ҷалб шуданд. Ин, албатта, аз қобилияти кордонӣ ва ташкилотчигии роҳбар вобастагии калон дорад. Мо итминон дорем, ки ин муваффақияти ягонаи Пажуҳишгоҳ набуда, кормандони он боз ба пешравиҳои зиёд ноил мешаванд» .
КВД «ПЛИН» иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ-лоиҳакашии иншооти «Сохтмони роҳи автомобилгард аз деҳаи Ваҳдат то деҳаи Кокули вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони пули мошингузари овезон болои рӯдхонаи Панҷ, ба тарафи деҳаи Ойхоними вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» — ро бо муваффақият ба анҷом расонда, лоиҳаи мазкурро ба озмун «Оид ба интихоби беҳтарин таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар соли 2020» пешниҳод намуд.
Озмуни мазкур бо номи «Дӯстии халқҳо» аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст.
Тибқи қарори комиссияи озмун аз 22 декабри соли 2020, дар он КВД «ПЛИН» — и Вазорати нақлиёти мамлакат ғолиб омада, бо дипломи «Беҳтарин таҳиягари қисми конструктивии лоиҳаҳо дар соли 2020» сарфароз гардид.
Сардори корхона Валиҷон Махсумов изҳор дошт, ки «ин ғолибият мояи ифтихори мост, он муваффақияти ҳамаи коргарони корхона буда, саҳми роҳбарияти Вазорати нақлиёт дар он хеле калон аст».
Имрӯз сафи мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавон дар Пажуҳишгоҳ зиёд гардида, онҳо аз шароити кор ва музди меҳнаташон қаноатманданд, ки ин дилгармиро нисбат ба кор дучанд мегардонад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






