Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабари дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашршуда посух гуфтааст

Январь 19, 2021 15:55

ДУШАНБЕ, 19.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар иртибот ба хабаре, ки 9 январи соли 2020  дар сомонаи АМИТ «Ховар» таҳти унвони «БОНГИ ИЗТИРОБ: танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабии ноҳияи Ёвон ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд», нашр шуда буд, ба унвони Агентӣ ҷавоб ирсол намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар хабари дар сомонаи Агентӣ нашршуда омада буд, ки «дар ҳисоботи омории шуъбаи маорифи  ноҳияи Ёвон пешниҳод гардидааст, ки  бинобар кам будани муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия танҳо 4,6 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба боғчаҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ин боиси ташвиш ва нигаронист».

Инак баъди сипарӣ гардидани як солу даҳ рӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон чунин маълумот пешниҳод намудааст:

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар давоми соли 2020 бо мақсади таъмини рушди соҳаи маориф тадбирҳои муайянеро ба сомон расонид.

Соли гузашта дар назди се муассиаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 3 бинои таъмилӣ (дар маҷмӯъ иборат аз 16 синфхона), инчунин дар назди ду муассисаи дигар 7 синфхонаи иловагӣ бунёд ёфта, ҳоло дар назди массисаҳои мавҷуда сохтмони 9 бинои таълимӣ ва 19 синфхонаи нав идома дорад.

Ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия давоми соли сипаригашта таъдоди марказҳои инкишофи кӯдакон то ба 55 адад расонида шуд. Айни замон ба 7 муассисаи томактабӣ 1203 нафар ва дар марказҳои инкишофи кӯдакон 1313 нафар кӯдак ҷалб гардидаанд, ки ин баробари 9,6 фоизи кӯакони синни томактабӣ мебошад.

Дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон барои соли 2021-2025» дар ноҳия ба истифода додани 3 муассисаи нави томактабӣ (дар деҳаҳои ба номи Ҳ. Ҳусайнов, Қирғизободи деҳоти Обшорон ва Бӯстони деҳоти ба номи Г. Юсуфова) пешбинӣ гардидааст ва дар сурати бунёди онҳо инчунин бо таъмир ва ҷиҳозонидани кӯдакистонҳои мавҷуда, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ то соли 2025 ба 3416 нафар расонида хоҳад шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо истифода аз ҳамаи имконият  кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки масъалаҳои рушди бонизоми соҳаи маориф, аз ҷумла ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синни томактабӣ тадриҷан беҳтар гардонида шаванд».

Акс аз бойгонӣ

Январь 19, 2021 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»