Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мақолаи дар АМИТ «Ховар» нашршуда посух гуфтааст

Январь 6, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба маводи нашрнамудаи АМИТ «Ховар» таҳти унвони  «МУШКИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ. Дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илму маориф дар арафаи ҷашни Наврӯз» (аз 28 марти соли 2020), ки муаллифи он директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод Шарифзода мебошад, ба унвони Агентӣ ҷавоб ирсол намудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мақолаи  директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Боймурод Шарифзода вазъи забон ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсии фанни адабиёт, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимони мамлакат таъкид шуда буд, баррасӣ шудааст.

Дар ҷавоб ба маводи мазкур масъулини Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин нигоштаанд:

-Асоси ҳама гуна ислоҳоту навгонӣ дар соҳаи маориф ва беҳтар шудани сифати таҳсил ба таҳияи китобҳои дарсии ба талаботи стандарти таҳсилот мутобиқ вобаста аст. Дар шароите, ки давлату ҳукумат ба илму маориф ва таълиму тарбия ҳамчун пояи муҳими давлатдорӣ ва манбаи ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи асосӣ дорад, таъмини муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти ин соҳа маҳсуб мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  суханрониҳои худ ҳамеша ба соҳаи мактабу маорифи мамлакат, ки дар он насли ояндасози Ватан тарбия меёбад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.

Ба гуфтаи масъулин, масъалаи беҳтар шудани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва бознигарии мазмуну муҳтавои онҳо низ борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат таъкид шудааст. Аз ҷумла, соли сипаригардида аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бознигарии мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, хусусан ворид кардани ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ ду маротиба, нахуст зимни мулоқот бо олимони мамлакат (дар арафаи ҷашни Наврӯз 18.03.2020) ва зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ҳангоми ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (17 август) хеле равшану возеҳ баён гардид. Пешвои миллат ба ин маънӣ иброз доштанд, ки китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ бояд ҷавобгӯйи талаботи замони нав буда, мазмуну мундариҷаи онҳо баёнгари ҳувияти миллӣ, анъанаҳои таърихӣ ва талқинкунандаи ғояҳои давлати соҳибистиқлоламон бошанд. Чунин масъалагузории Пешвои миллат аз муаллифон ва зерсохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм – Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Муассисаи нашриявии «Маориф», Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дарки масъулияти ҷиддӣ тақозо мекунад.

Дар доираи ҳамаи ин дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мавриди таҳлил ва экспертиза қарор додани китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хусусан китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз якчанд корҳо анҷом дода шудаанд.

Пеш аз ҳама, бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, инчунин муаллифони китобҳои дарсии фанҳои ҷомеашиносӣ, сохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ ҷаласаҳои машваратӣ баргузор гардида, барои пеш бурдани кор вазифаҳои масъулин муайян карда шуданд.

Дар ҳамин замина гурӯҳи корӣ оид ба экспертизаи китобҳои дарсӣ дар ҳайати 55 нафар олимону мутахассисони соҳа ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуда, ба панҷ бахш (бахшҳои забони модарӣ (синфҳои ибтидоӣ), забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, таърихи дин) тақсим карда шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳамаи китобҳои фанҳои гуманитарӣ мавриди ташхис қарор гирифта, хулосаҳои онҳо барои омӯзиш ва корбарӣ ба вазорат пешниҳод гардиданд.

Новобаста ба ин, теъдоди дигари ин китобҳо барои экспертизаи алоҳида (ташхиси ҷамъиятӣ) ба муассисаҳои экспертӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ирсол шуд.

Китобҳои дарсии фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ ва таърихи дин аз ҷониби коршиносони ниҳодҳои экспертӣ мавриди ташхис қарор дода шуда, хулосаҳои онҳо барои таҳлил ва омӯзиш ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда шуданд.

Муаллифон, мураттибон ва муҳаррирони китобҳои дарсӣ бо хулосаҳои экспертӣ ва тақризҳои гурӯҳи корӣ расман шинос карда шуданд. Тавре аз хулосаҳои ташхисгарон маълум гардид, дар китобҳои дарсии мавриди назар як қатор камбудиву нуқсонҳо воқеан ҷой доранд. Агар қисме аз ин камбудиҳо ба ороиши китобҳои дарсӣ, ғалатҳои мантиқӣ, маъноӣ ва услубӣ дахл дошта бошанд, қисмати дигар ишораҳоеанд, ки ба масъалаҳои дину мазҳаб вобастаанд. Айни замон ҷиҳати бо назардошти хулосаҳои гурӯҳи корӣ оид ба экспертизаи китобҳои дарсӣ омода кардани китобҳои дарсии мавриди назар Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор бурда истодаанд. Барои мисол, чопи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 10 бо назардошти хулосаҳои коршиносон боздошта шуда, баъди бо назардошти эроду пешниҳодҳои онҳо ислоҳ шудани китоби дарсии номбурда, ба инобат гирифтани эродҳои ниҳодҳои экспертӣ барои чопи теъдоди боқимондаи он дубора иҷозат дода шуд. Ҳамин тавр, дар асоси хулосаҳои гурӯҳҳои экспертӣ то имрӯз китобҳои дарсии «Забони модарӣ» барои синфи 1-ум, «Ҳуқуқи инсон» барои синфи 10-ум ва «Ҳуқуқи инсон» барои синфи 11-ум ба чоп омода шуда, барои мувофиқа ба вазорату кумитаҳои дахлдор фиристода шуда, корҳои боқимонда идома доранд.

Бо назардошти эродҳои гурӯҳҳои экспертӣ бознигарӣ ва ислоҳ шудани «Роҳнамои фанни адабиёти тоҷик, синфи 8-ум» ва китоби дарсии «Таърихи умумӣ» барои синфи 9-ум ба чопи пурраи онҳо (мутаносибан 5 500 ва 100 000 нусха) иҷозат дода шуд. Инчунин мусаввадаи китобҳои дарсии «Забони модарӣ» барои синфи 2-юм ва «Забони модарӣ» барои синфи 4-ум бо назардошти хулосаи гурӯҳи корӣ оид ба экспертизаи китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулосаи гурӯҳи экспертии ниҳодҳои экспертӣ ва экспертҳои алоҳида бознигарӣ шуда, барои нашр омода карда шуданд.

Дар назар аст, ки «Барномаи таълими фанни адабиёти тоҷик» ва «Барномаи таълими фанни забони тоҷикӣ» аз ҷониби гурӯҳи корӣ бознигарӣ шуда, дар оянда китобҳои дарсии ин фанҳо дар таҳрири нав рӯйи чоп оянд. Барои анҷом шудани ин кор айни замон Вазорати маориф ва илм дар пайи таъсиси гурӯҳи корӣ аст.

Ҳамзамон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мавриди таҳлил ва экспертиза қарор додани китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.11.2020 таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Раҳмонзода, бо иштироки роҳбарон ва шахсони масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дахлдори тобеи он, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои он, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми муаллифону муҳаррирони китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии ҷумҳурӣ семинари илмиву машваратӣ ва таҳлиливу методӣ дар мавзӯи «Такмили мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ дар ҳошияи роҳнамоиҳои Пешвои миллат» баргузор карда шуд.

Пас аз баррасии масъалаҳо ба ниҳодҳо вобаста ба такмил додани мазмуну мундариҷа ва муҳтавои адабиёти таълимӣ вазифаҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он чунин вазифадор карда шуданд:

— ҷиҳати мутобиқ сохтани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ бо ислоҳоти соҳа (бахусус муносибати босалоҳият ба таълим) ва навгониҳои илм бо мақсади рушд додани низоми таҳсилоти мамлакат ва ҳамқадами замон гардонидани он тадбирҳои судманд андешанд;

— ҷиҳати тарҷума ва чопи теъдоди боқимондаи китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимоташон бо забонҳои ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ) тадбирҳои судманд андешанд;

— бо ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бознигарии андозаҳои ҳадди ақалли ҳаққи қалами муаллифон дар доираи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ ва имконият оид ба баланд бардоштани он пешниҳодҳо манзур намоянд;

— доир ба сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, ворид кардани ғояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд;

— вазъи амалишавии ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати ҷорӣ кардани таҷрибаи наву пешқадам, баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҷӯйӣ намоянд;

— консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро вобаста ба ҳар як фанни таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия ва пешниҳод намоянд;

— вобаста ба таълифи китоби дарсӣ дастурамал таҳия намоянд;

— ҷиҳати таҳияи дастурамалҳои арзёбии китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ аз рӯйи фанҳои алоҳида бо муайян кардани мушаххасоти арзёбӣ (нишондиҳандаҳо ва тарзҳои баҳодиҳӣ) тадбирҳои судманд андешанд;

— барои аз ҷониби мутахассисони муассисаҳо ҷиддан тақриз шудани адабиёти таълимӣ тадбир андешанд;

— барои таҳия ва таълифи китобҳои дарсие, ки муаллифонашон дар қайди ҳаёт нестанд, озмун доир намоянд;

— вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф (муносибати босалоҳият ба таълим ва ғайраҳо) бо муаллифони китобҳои дарсӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор намоянд;

— тамоми барномаҳои таълими фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо назардошти эродҳои гурӯҳҳои экспертӣ, инчунин навгониҳои илм ва зиёд шудани муҳлати таҳсил бознигарӣ намоянд;

— дастгоҳи методии ҳар як китоби дарсии тақризшавандаро аз ҷиҳати илмӣ баҳогузорӣ карда, барои мукаммалтар шудани он пешниҳодҳо ва тавсияҳои илмӣ манзур намоянд;

— дар бораи усулҳои тақризи китоби дарсӣ дастурамал ба нашр расонида, ба муассисаҳои экспертӣ ва таълимии соҳаи маориф дастрас намоянд;

— баробари ба чоп омода шудани барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ шакли электронии онҳоро дар сомонаҳои интернетиашон ҷой диҳанд;

— ҷиҳати дар мадди аввал омода кардани китобҳои дарсие, ки эҳтиёҷ ба онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зиёд аст, тадбирҳои судманд андешанд;

— дар таҳриру тасҳеҳи адабиёти таълимӣ риояи қатъии қоидаҳои имлои забони тоҷикиро назорат намоянд;

— китобҳои дарсиро қабл аз пешниҳод шудан ба чоп аз назари муҳаррирони сиёсӣ ва идеологӣ гузаронанд;

— ҷиҳати пешниҳод шудан (ё тавсия додан)-и матнҳои беҳтарин барои китобҳои дарсӣ, ки хонандагонро ба дӯст доштани Ватан ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ водор мекунанд, тадбир андешанд;

— ҷиҳати таҳрир ва тасҳеҳи адабиёти таълимӣ барои ақаллияти миллии ҷумҳурӣ мутахассисони забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманиро ҷалб намоянд.

Инчунин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва зерсохторҳои он –Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш чунин уҳдадор шудаанд:

— то охири моҳи декабри соли 2020 лоиҳаи даврабандии омӯзиши адабиёти тоҷик ва даврабандии таърихи халқи тоҷикро барои баррасӣ манзур созанд;

— барои мукаммал шудани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсии фанҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Инчунин Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки:

— ҷиҳати ба танзим даровардани истифодаи истилоҳоти илмӣ дар адабиёти таълимӣ барои таҳия ва нашри луғатномаҳои истилоҳот тадбир андешад.

Иҷрои корҳо дар ин самт идома дорад.

Айни ҳол аз ҷониби мутахассисон дар асоси таҳлили маълумотномаҳои раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бораи эҳтиёҷ ба китобҳои дарсӣ «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли 2021» мураттаб шуда истодааст.

Пас аз омода ва тасдиқ шудани нақшаи чопи номбурда Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои муаллифони китобҳои дарсии ба нақша воридшуда бо иштироки кормандони масъули Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи кории вазорат оид ба экспертизаи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ семинари омӯзишӣ баргузор намояд.

Январь 6, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад