МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мубориза бо сирояти вируси мозаикаи тамокуи помидорро хеле барвақт ва пеш аз шинонидан бояд оғоз намуд

Январь 31, 2021 10:31

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Интихоби навъҳои устувор нисбат ба касалиҳои вирусӣ, заҳролудкунии ҳатмии тухмӣ пеш аз кишт дар ниҳолхонаҳо, дезинфексияи тамоми ашё, асбоби корӣ ва иншооти гармхона пеш аз шинонидани ниҳол, ҳамарӯза дида баромадани ниҳолхонаи помидор ва ҷудо карда, тоза намудани ниҳолҳои касалӣ, дезинфексияи асбоби корӣ (секаторҳо, қайчиҳо) пеш аз истифода ва гузаронидани ин намуди корҳо, махсусан канда партофтани навдаҳои бағалӣ ва баргҳои поёнии ниҳоли помидор ҳангоми саҳарии барвақт ба хотири давоми рӯз маҳкам шудани ҷои захмҳо, риояи низоми гармӣ ва намии даруни гармхона, бештар додани нуриҳои калийгӣ ва фосфорӣ ба хотири баланд бардоштани тобоварии растанӣ ба касалӣ- ҳамаи ин чораҳо  барои пешгирӣ аз сироятёбии мозаикаи тамокуи помидор (касалии сироятии хатарноки вирусӣ) равона карда мешаванд. Ин нуктаро муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Толибзода ба кишоварзони мамлакат тавсия медиҳад.

Ба зикри мавсуф, мозаикаи тамокуи помидор касалии сироятии хатарноки вирусӣ буда, метавонад дар киштзори помидор то 50 фоиз ҳосилро нобуд созад. Сирояти вируси номбаршуда хеле гузаранда ва амалан табобатнопазир аст. Танҳо чораҳои дурусти муҳофизатӣ, сари вақт муайян кардани профилактикаи касалии пайдошуда ва нобуд кардани манбаъҳо бар зидди вирус самаранок мебошанд. Аз ин рӯ, мубориза бо сироят хеле барвақт- пеш аз шинонидани помидор оғоз мешавад.

Дар баргҳои помидор сирояти нишонаҳои аввалини ин беморӣ ба мушоҳида мерасад. Ин намуди гуногунранг (мозаика) аст, ки дар он ҷойҳои сабук ва зарди торик иваз мешаванд. Ҳангоми пешрафти беморӣ нишонаҳои дигар низ пайдо мегарданд: баргҳо нобуд мешаванд, лавҳаи барг чиндор мешавад, меваҳо хурдтар шуда,  нобаробар мепазанд, дар меваҳо доғҳои зард пайдо шуда, баргҳо метавонанд шакли  печидашудаи мӯякмонанди борик бигиранд.

Барои касалии ВМП (Вируси мозаикаи помидор) ягон маҳлули  химиявӣ вуҷуд надорад, ки табобати комилро кафолат диҳад. Пас аз сар задани беморӣ дар помидор, тамоми чораҳо ба ҳифзи буттаҳои солим равона карда мешаванд. Агар ҳадди ақалл дар як бех аломатҳои сироятёбӣ пайдо шаванд, ҳамаи растаниҳо бодиққат тафтиш карда мешаванд. Помидорҳои беморро фавран дар якҷоягӣ бо мевааш ва алафҳои бегона тоза карда партофтан лозим аст.

Растании касалӣ ба манбаи хатарноки вирус мубаддал мегардад ва метавонад эпифитотия (паҳншавии касал дар тамоми майдони помидор)-ро ба вуҷуд орад. Замини сироятёфтаро пурраю бодиққат аз боқимондаҳои растанигӣ ва решагӣ тоза карда, онҳоро сӯзонидан лозим аст. Агар кишоварзон дар ҳамин майдони сироятёфта дубора ниҳол шинонидан хоҳанд, пас бояд хоки онро иваз намуда, ба ҷояш хоки нав оварда, коркарди фумигатсионӣ намоянд ва танҳо баъди ин шинонидани ниҳол иҷозат дода мешавад. Вобаста ба ин заминро бо маҳлули 5-фоизаи перманганати калий тоза намуда, ворид намудани нуриҳои азотӣ баъди шинонидан тавсия дода мешавад. Растаниҳои шинонидашударо баъди як ҳафта бо маҳлули тайёркардашудаи зардоби шири 1 литр + мочевина 1қ /ошхӯрӣ дар 10/л об+40 гр собуни ҷомашӯии майдакардашуда, агар мочевина набошад, дар он 5-6 қатра йод низ истифода бурдан мувофиқи мақсад аст, коркард бояд кард. Дар сурати пайдошавии зараррасонҳо ниҳолҳо бо маҳлулҳои Искра М, Инта-Вир, Командир Макси, Фуфанон Нова ва ғайра  коркард карда мешаванд.

Дар гармхона ташкил кардани киштгардон хеле мушкилтар аст. Дар ин ҷо мушкилӣ бо роҳи пурра иваз кардани хок ҳал карда мешавад ва агар парвариши помидор бо бодиринг якҷоя карда шуда бошад, ҷойҳои онҳоро иваз кардан лозим аст. Дар ҳар сурат, фавран пас аз ҷамъоварӣ ҳамаи боқимондаҳои растанӣ ва решаю алафҳои бегонаи боқимондаҳои растанигӣ ҷамъоварӣ ва  сӯзонида мешаванд. Хок чуқур побел карда шуда, ба он нуриҳои минералӣ вобаста ба талаботи зироати баъдинаи киштшаванда ворид карда, баҳорон заминро бо маҳлули 2-фоизаи формалин коркард карда, хокро то пурра тар шуданаш мерезанд. Сипас бо пленка пӯшида, онро 3 рӯз нигоҳ медоранд. Бо ин маҳлул гармхона низ коркард карда мешавад. Буғдиҳии хок дар сурати пайдошавии чунин касалиҳо метавонад яке аз воситаҳои асосии кам намудани ин касалиҳои сироятӣ гардад. Тартиби он чунин аст: оби ҷӯшидаистодаро  ба тамоми сатҳи замини сироятёфта рехта, баъд онро бо пленка ба муддати 1 рӯз мепӯшонанд. Баъди он як бори дигар заминро чаппа карда, боз оби ҷӯш рехта, як рӯзи дигар низ бо пленка мепӯшанд. Бо ин усул қисмати зиёди касалиҳои сироятӣ нобуд карда мешавад.

Коркарди аввалинро як рӯз пеш аз кӯчати ниҳоли помидор, охиронашро як рӯз пеш аз шинонидани ниҳол ба гармхона ё саҳро мегузаронанд. Фосилаи байни дорупошӣ набояд аз 8 рӯз зиёд бошад. 5-7 рӯз пеш аз шинондани ниҳолҳо бо маҳлули 0,05-фоизаи кислотаи бор дорупошӣ гузаронида мешавад. Дар як мавсим помидорро 4 маротиба бо маҳлулҳо коркард менамоянд, яъне 0,05 фоиз кислотаи бор; 0,01 фоиз нитрати кобалт; 0,01 фоиз сулфати мис. Коркарди он  бегоҳӣ то фарорасии шом бо фосилаи 15-20 рӯз гузаронида мешавад.  Дар ин байн пас аз 14 рӯзи шинонидани помидор дар тӯли мавсим бо фосилаи ду ҳафта танзимкунандаҳои сабзиш ва рушд-«Гибериллин», «Гибберсиб», «Эпин», «Эпин экстра» пошида мешаванд.

Хатоии асосии бисёр сабзавоткорон муносибати сабукфикрона ба касалиҳои растанӣ мебошад: ба назар чунин мерасад, ки агар имсол ҳосили кам гирифта шуд, пас ин ба ҳосили соли минбаъда ҳеҷ асар нахоҳад дошт. Аммо бояд дар хотир дошт, ки тақрибан ҳамаи барангезандаҳои бемории помидор метавонанд дар хок ва дигар маводи кории истифодашаванда ва  дигар  таҷҳизот муддати дароз боқӣ монанд. Дар натиҷа, дар он ҷо захираи бузурги сироятёбӣ ба вуҷуд меояд, ки бартараф кардани он вақти зиёд ва маблағи иловагӣ талаб мекунад.

Дар чунин майдонҳо имконияти ҳосил гирифтан бисёр мушкил мегардад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки бар зидди бемориҳои эҳтимолӣ мунтазам мубориза барем, ҳатто агар дар майдони киштамон растаниҳои сироятшуда мушоҳида нашуда ҳам бошанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии «Ҳифзи мерос барои субот» иштирок намуд
Дар шаҳри Истаравшан Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии ҷавонон дар Қазокистон иштирок намуд
ОМӮЗГОРОН-ПОСДОРОНИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиши тантнавӣ доир шуд
Олимони Чин бо фаъолияти Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҷлил гардид
6 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МАКОНИ ЗИСТ. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд таъсири харобиовари омили антропогенӣ ба табиатро ҷилавгирӣ намояд
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА ТАҲКИМБАХШ. Дар ҳошияи сафари Президенти Тоҷикистон ба Давлати Қатар
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мегардад
Забони тоҷикӣ давоми бештар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид
Дар шаҳри Гулистон ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ конференсия баргузор шуд