МУБОРАК БОД! Бо Фармони Президенти Тоҷикистон ба Сардори Хадамоти гумрук рутбаи генерал-лейтенанти хадамоти гумрук дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил намуданд. Дар робита ба он дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ва собиқадорони мақомоти гумрук иштирок намуданд.
Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид гумрукчиёни кишварро бо ин сана шодбош гуфта, барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар корманди мақомоти гумрук расонид ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ барои босамар анҷом додани вазифаҳои ба зиммагузошта ҷаҳду талош менамоянд.
Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани рутбаи генерал-лейтенанти хадамоти гумрукро ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ба самъи ҳозирин расонд ва Хуршед Каримзодаро бо рутбаи навбатӣ муборакбод намуд.
Бо фармоишҳои сардори Хадамоти гумрук барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумрук бо мукофот, ифтихорнома, сипосномаву раҳматнома, медали ҷашнии «25-солагии мақомоти гумрук»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук» қадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои олии кишвар, дигар ташкилоту корхонаҳо ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Ба хотири фаъолияти судманд мудири шуъбаи дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва муаллифи Тафсири Кодекси гумрук, инчунин гурӯҳе аз устодони донишгоҳҳои молия ва иқтисод, тиҷорат ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ бо медали «Барои таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар ин рӯз маросими савгандёдкунии кормандони ҷавони мақомоти гумрук доир гардид.











Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид






