ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво ба 14+16 дараҷа мерасад

Январь 13, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 14+16 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 1-6 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  32-37 ва рӯзона 14-19 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук  ва рӯзона  0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук  то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук  ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  0-2 дараҷа хунук ва рӯзона   14+16 дараҷа гарм  мешавад.

Январь 13, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд