Президенти Тоҷикистон ва Дабири кулли СММ доир ба шадидтарин буҳрони иқтисодии аср ибрози андеша намуданд

Январь 26, 2021 14:35

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар онанд, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус имрӯз ҷаҳон ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодӣ дар 100 соли охир рӯ ба рӯ омад. Дар ин бора Пешвои миллат имрӯз зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.

Бино ба гуфтаи Сарвари давлат, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

«Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Тавре Президети Тоҷикистон таъкид доштанд, пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.

«Яъне, — зикр намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат якчанд  чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем».

Худи ҳамин андешаро Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ дирӯз, 25 январ зимни суханрониаш дар чорабинии «Рӯзномаи Давос» иброз дошт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, матни суханронии ӯ имрӯз дар сомонаи расмии созмон нашр шудааст.

ДАР АКС: Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш. Акс аз GLOBAL LOOK PRESS

Дабири кулли СММ тазаккур дод, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳонро метавон бо як калима – «зудшиканӣ» тавсиф кард.

«Беш аз 2 миллион нафар фавтиданд (бинобар пандемия, — тавзеҳи АМИТ «Ховар») ва мо дар вазъи шадидтарин буҳрони иқтисодӣ дар сад соли охир қарор дорем», — гуфт Гутерриш.

Дабири кулли СММ илова намуд, ки пандемия чунин мушкилоти ҷаҳон, ба монанди нобаробарӣ байни мардум ва кишварҳо, ноустувории «буҳрони иқлим ва гуногунии биологӣ»-ро фош кард. Гутерриш ҷаҳонро ба муколама ва ҳамкорӣ даъват мекунад.

«Ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрҳо бояд якҷоя кор кунанд», — гуфт ӯ.

Дабири кулли СММ таъкид кард, ки соли 2021 ҷаҳон имкони беназири истифодаи барқароршавӣ аз пандемияро барои «гузаштан аз зудшиканӣ ба устуворӣ» дорад.

Илова бар ин, Гутерриш гуфт, ки таъхир дар паҳн кардани ваксинаҳо ва инчунин мутатсияи коронавирус метавонад боиси марги бештар аз сирояти бемории COVID-19 гардад. Ӯ аз кишварҳое, ки ваксинаҳо сохтаанд, даъват кард, ки истеҳсоли доруҳоро ба таври назаррас афзоиш диҳанд ва дастрасии ҳамаҷонибаи онҳоро таъмин кунанд.

                                                                АКС аз AP 2020

Январь 26, 2021 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»