Рақибони дастаҳои «Равшан» ва «Хуҷанд» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 маълум шуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 январ, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 баргузор шуд, ки рақибони дастаҳои футболи Тоҷикистон – «Равшан« ва «Хуҷанд« маълум шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Точикистон хабар медиҳад.
Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб дар гурӯҳи «Е» бо қаҳрамони феълии Қирғизистон – «Дордой»-и Бишкек ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон дастаи «Аҳал» қувваозмоӣ хоҳад кард. Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати футболи Тоҷикистон – дастаи футболи «Хуҷанд» дар гурӯҳи «F» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дастаҳои АГМК (ё ки «Насаф»)-и Ӯзбекистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон бозӣ мекунад.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 ба тартиби мутамарказонидашуда аз 14 то 20 май баргузор мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии ниҳоии минтақавӣ вомехӯранд. Бозии мазкур аз ду вохӯрӣ иборат буда, 11 ва 25 август доир мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 роҳ ёфтани дастаи футболи АГМК, дар Ҷоми КФО-2021 ба ҷои вай дастаи «Насаф» (Қаршӣ, Ӯзбекистон) баромад мекунад. Дар сурати роҳ наёфтанаш ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дастаи АГМК дар Ҷоми КФО-2021 бозӣ хоҳад кард.
Ҷоми КФО-2021
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»:
«РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН)
«Дордой» (Қирғизистон)
«Аҳал» (Туркманистон)
Гурӯҳи «F»:
АГМК (ё ки «Насаф» Ӯзбекистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
«Олой» (Қирғизистон)
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






