Раҳмон Саидзода: «Аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани кишоварзон ба таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ мусоид хоҳад кард»

Январь 26, 2021 14:14

ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян намуданд.

Паёми  имсолаи Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои  нисбатан муҳими  ҷомеаро дар бар гирифта, таваҷҷуҳи аҳолиро бештар ба худ ҷалб намуд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд».

Ба гуфти Директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Раҳмон Саидзода, дар ин росто Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии ҳарчӣ бештари деҳқонон ва кишоварзони мамлакат барои  таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ин иқдоми хел муҳим ва саривақтӣ хоҳад буд.

Ҳамзамон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба  вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ супориш доданд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бояд тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум дар «Кохи Сомон» сурат гирифт, ки дар он ҳамчунин Сарвазири мамлакат, аъзои Ҳукумати ҶТ, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои олии таълимӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигар шахсони масъул ҷамъ омаданд.

Январь 26, 2021 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»