Сафорати Ҳиндустон ба Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ тақдим намуд

Январь 20, 2021 14:41

ДУШАНБЕ, 20.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20 январ Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар доираи дастгирии техникии муассисаҳои таҳлилӣ ва илмӣ ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як теъдод таҷҳизоту афзори компютерӣ ҳадя кард. Таҷҳизоти номбурдаро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх тақдим намуд. Дар ин бора аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон, махсусан ба ҷаноби Сафир барои дастгирии техникӣ  ва эҳдои таҷҳизот изҳори сипос  кард.

Хуршед Зиёӣ   аз ҷумла зикр намуд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон яке аз шарикони боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди техникӣ ва амалисозии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкории иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангӣ (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.

Робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон сол ба сол таҳким меёбанд. Ин ду давлати дӯст муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии чандинасра дошта, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва махсусан соҳаи туризм барнома ва пешниҳодҳои мушаххас амалӣ намуда истодаанд.

Сафоратҳои ҳарду кишвар миёни марказҳои зеҳнии Ҳиндустон ва Тоҷикистон робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ барқарор намудаанд, ки ин иқдом ба манфиати ҳарду кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг аст.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд марказҳои бонуфузи зеҳнии ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст, ки ин аз таҳкими робитаҳои илмиву пажӯҳишӣ ва фарҳангии ҳарду давлат шаҳодат медиҳад.

Январь 20, 2021 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд