Саршумори гавазни бухороӣ дар парваришгоҳи «Ромит» афзудааст
ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар парваришгоҳи «Ромит» саршумори гавазни бухороӣ, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид гардидааст, ба 23 сар расонида шуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин комёбӣ дар натиҷаи андешидану амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла таъмини иҷрои банди 8 нусха аз протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба афзунгардонии ҳайвоноти нодир, барқароркунии популятсияи гавазни бухороӣ дар резервати биосферии «Ромит» ва зиёд намудани саршумори ҳайвони нодир- гавазни бухороӣ дар резервати биосферии «Ромит» ба даст омадааст.
Ҳолати инкишоф ва мутобиқшавии гавазнҳои навзод ба муҳити экосистемаи резервати «Ромит» муътадил буда, қобилияти вазнгирӣ ва афзоиши табиии онҳо мувофиқи хусусиятҳои биологии намуди гавазни бухороӣ хуб аст. Айни замон масоҳати парваришгоҳ аз 5,5 га ба 10 га расонида шуд.
Ҳадафи асосии ташкили парваришгоҳи гавазни бухороии резервати биосферии «Ромит» барқарор намудани саршумори гавазни бухороӣ мебошад, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид гардидааст. Ҳамзамон зиёд намудани ҳайвоноти нодир ва афзун гардонидани макони зисти гавазни бухороӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ва таъмини шароити устувор барои онҳо сабаби барқароркунии захираҳои гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳии экологӣ мегардад.
Шумораи гавазни бухороӣ соли 1999 дар Тоҷикистон ба 400 сар мерасид. Алҳол теъдоди он ба маротиб кам гардидааст. Шумораи бештари чунин ҳайвони ширхӯр имрӯзҳо дар мамнуъгоҳи давлатии табиии «Бешаи палангон» ҳифз карда мешавад. Гавазни бухороӣ бештар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дида шуда, шумораи он соли 2011 ба 1600 адад мерасид.
Қисмати зиёди саршумори гавазни бухороӣ дар Тоҷикистон маҳфуз мондааст.








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






