Пирӯзӣ бар коронавирус то соли 2022 муяссар хоҳад шуд, агар ваксинаҳо дастрас бошанд — Дабири кулли СММ

Январь 29, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш 28 январ бо вояи нахустини ваксинаи зидди коронавирус эм карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус ӯ дар саҳфаи Твитераш иттилоъ додааст. Дар шаҳрдории Ню — Йорк чунин меҳисобанд, ки иштироки сарвари СММ дар маъракаи эмгузаронӣ ба афзудани эътимод ба ваксинаи COVID-19 мусоидат мекунад.

«Хушбахтона, имрӯз ба ман насиб шуд, ки нахустин вояи ваксинаи COVID-19-ро қабул намоям», — изҳор намуд Гутерриш пас аз эмгузаронӣ дар яке аз нуқтаҳои эмгузарони шаҳри Ню — Йорк.

«То соли 2022 инсоният метавонад бар коронавирус пирӯз шавад, ба шарте, ки ваксинаҳо дастрас бошанд,- иқтибос меорад ТАСС суханони Антонио Гутерришро. — Мо бояд ҳама корро бикунем, то ин ки ваксина барои ҳама ва дар ҳама ҷо дастрас бошад», — гуфт роҳбари СММ. Ба гуфтаи ӯ ҳангоми пандемия, ҳеҷ кас наметавонад худро бехатар эҳсос кунад, то замоне, ки  ҳама бехатар набошанд».

«Умедворам, ки агар имсол ваксинаҳо барои истифодаи оммавӣ дастрас шаванд, пас соли оянда комилан дигар хоҳад буд», -зикр  кард Антонио Гутерриш. — «Ва агар ба мо раҳоӣ аз коронавирус муяссар шавад, умедворам мо метавонем ба ҷаҳони беҳтар баргардем, на ба он чизе, ки буд».

Дабири кулли СММ умедвор аст, ки ҳатто бо дарназардошти мутатсияҳои COVID-19, ваксинаҳои ихтироъшуда муассир хоҳанд буд. «Ин муҳимии онро нишон медиҳад, ки ҳарчӣ зудтар бояд ҳама эм карда шаванд», — гуфт ӯ.

Антонио Гутерриш чунин мешуморад, ки коронавирус метавонад ба бемории мавсимӣ табдил ёбад, агар минбаъд ҳам дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон густариш ёбад. «Агар вирус мисли оташсӯзӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн шавад, мутатсияҳо ногузир хоҳанд буд ва дар ниҳоят мо метавонем ба вазъе дучор шавем, ки дар ҳар мавсим бояд алайҳи COVID-19 ваксинаи нав таҳия намоем, зеро ҳар сол штаммҳои нави он пайдо хоҳанд шуд, тавре ки он ҳолат бо зуком рух медиҳад”,  — гуфт ӯ.

ДАР АКС: 28 январ  Дабири кулли СММ А.Гутерриш вояи нахустини ваксинаи зидди COVID-19 -ро қабул намуд. Акси СММ/Э.Дебебе

Январь 29, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид