Шакли электронии китоби омӯзишии «Худомӯзи саводи расонаӣ» дастраси хонандагон гардид
ДУШАНБЕ, 24.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Худомӯзи саводи расонаӣ» — чунин ном дорад китоби омӯзишие, ки аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Илҳом Ҷамолиён омода ва шакли электронии он дар шабакаи интернет(https://bit.ly/3oTpKhg ) ҷойгир карда шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Чуноне муаллиф дар муқаддимаи китоб зикр кардааст, саводи расонаӣ малака ва маҳоратҳоеро, ки барои ҷустуҷӯи самаранок, таҳлили интиқодӣ, истифода ва интишори иттилооту муҳтаво, дарки аҳамияти ҳуқуқи инсон дар интернет, тарзи муқовимат бо хушунат дар фазои маҷозӣ, дарки масъалаҳои ахлоқии марбут ба дастрасӣ ва истифодаи иттилоот, ҳамкорӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ҷиҳати мусоидат ба баробарӣ, озодии баён, муколамаи байни фарҳангҳо, сулҳ ва ғайра заруранд, фаро мегирад.
-Худомӯзи саводи расонаӣ аз 10 дарс мураттаб гаштааст, ки матни он тавъам бо инфографикаи тафсирӣ хонандаро бо алифбои расонашиносӣ, тафаккури интиқодӣ, диҷитолшиносӣ, тарғиботшиносӣ ва шинохти шеваҳои дасткорӣ, далелсанҷӣ ва расонаҳои рақамӣ, интернетшиносӣ, шинохти шабакаҳои иҷтимоӣ, шеваҳои худмуҳофизатӣ ва амнияти рақамӣ ва ғайра шинос месозад. Дар поёни ҳар дарс суолномае доир ба мавзӯи азхудшуда пешкаш мешавад, ки ба он бояд посух гуфт ва дар баробари ин пайванди санҷиши тестӣ низ гузошта шудааст. Посух ба суолҳои санҷишӣ далолат медиҳад, ки дарси мазкур аз ҷониби хонанда то чӣ ҳад ҳифз шудааст. Дар поёни ҳар дарс ҳамчунин намунаҳои подкаст ва видеои дарс манзур шудаанд, ки китоби электронии мо тамошо ва шунидани онҳоро дар дохили «худомӯз» имконпазир мекунад, — мегӯяд муаллифи китоб Илҳоми Ҷамолиён.
«Худомӯзӣ-саводи расонаӣ» ҷанбаи умумии омӯзишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи донишҷӯёни мактабҳои оливу миёна ва одамони дорои касбу пешаи гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорон қарор гирад.
Аз тарафи муаллиф ҳамзамон шабакаи омӯзишӣ оид ба рушди саводи иттилоотӣ-расонаӣ бо номи «МедиаДоно» дар заминаи Android фаъол карда шудааст, ки он унсурҳои бозӣ дошта, яке аз нахустин захираҳои омӯзишӣ дар соҳаи саводи иттилоотӣ-расонаӣ ба забони тоҷикӣ аст.
Кумак ба наврасону навҷавонон ва инчунин ба волидайни онҳо ҷиҳати расонаомӯзӣ ва баланд бардоштани саводи расонаӣ ҳадафи асосии ин шабака ба ҳисоб меравад.









«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд
Корманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 довталаб соҳиби Шоҳҷоиза шуд






