СММ: Аз соли 2011 то соли 2020 дар таърихи мушоҳидаҳо даҳсолаи гармтарин буд

Январь 15, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 15.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологӣ яке аз се соли гармтарин буд. Ва ҳатто падидаи табиии Ла-Ниня, ки одатан сардшавии назаррас ба бор меорад, вазъро ба таври куллӣ дигар накард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши нави Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ (СУМ), ки дирӯз, 14 январ нашр шуд, гуфта мешавад.

Маълумоти СУМ бо хулосаҳои НАСА, Раёсати миллии тадқиқоти уқёнус ва атмосфераи ИМА ва Хадамоти метеорологии Британия, ки дирӯз низ нашр шуданд, мувофиқат мекунанд.

Метеорологҳо гузориш медиҳанд, ки давраи аз соли 2011 то 2020 дар таърих гармтарин даҳсола буд. Солҳои аз 2015 то 2020 шаш давраи гармтарин буданд. Дар ин қатор, соли 2016, ки падидаи табиии Эл-Нино боиси гармӣ шуд, дар ҷои аввал, соли 2019 дар ҷои дуюм ва соли 2020 дар ҷои сеюм қарор гирифтанд. Дар ҳамин ҳол, нишондиҳандаҳои миёнаи солонаи ҳарорат дар се соли охир аз ҳамдигар кам фарқ мекарданд.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки ҳарорати миёна тайи 12 моҳи охир «тақрибан 14,9 дараҷа буд, ки нисбат ба сатҳи давраи пеш аз саноатӣ (1850-1900) 1,2 дараҷа (гарм  ё хунук 0,1 дараҷа) зиёдтар аст».

«Бениҳоят аҷиб аст, вақте мо шоҳиди падидаҳои шадиди гармшавӣ дар таърихи Эл-Нино, ки боис ба гармӣ мегарданд, будем, соли 2020 тақрибан ба соли 2016 шабеҳ буд. Ин нишонаи равшани он аст, тағирёбии иқлим, ки аз ҷониби инсон ба вуҷуд омадааст, ҳоло бо қувваҳои табиат дар як сатҳ қарор дорад», — гуфт роҳбари СУМ Петтери Таалас.

Натиҷаҳои мушоҳида ба хулосае оварданд, ки тайғирёбии иқлими  аз ҷониби инсон бавуҷудомада имрӯз ҳамчун падидаҳои табиӣ хеле боқудратанд, ки метавонанд ба ҳарорати ҳаво таъсир расонанд.

Дабири кулли СММ Антонио Гутеррес дар навбати худ таъкид кардааст, ки инсоният «дар ин аср болоравии фалокатбори ҳарорат то 3-5 дараҷаро аз сар хоҳад гузаронд». Ба гуфтаи ӯ, сулҳ бо табиат муайянкунандаи вазифаҳои асри 21 мебошад ва барои ҳар нафар бояд афзалияти аввалиндараҷа дошта бошад.

                                                                            Акс аз СММ

Январь 15, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад