СОЗИШНОМАИ ПАРИЖ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ИМА дубора ба он баргашт, Тоҷикистон яке аз ҷонибдорони фаъоли ин санад аст
ДУШАНБЕ, 28.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманди амрикоӣ Леонардо Ди Каприо, ки ҳамчун ҷонибдори деринаи ҳифзи табиат шинохта аст, бо як мактуби кушод ба Ҷо Байден муроҷиат намуда, онро дар Инстаграми худ нашр кард. Дар ин мактуб ҳунарманд аз Президенти ИМА даъват мекунад, ки бо буҳрони иқлим мубориза барад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Шумо метавонед тавре кунед, ки дар саросари ҷаҳон ба ҷои сӯзишвории кофта баровардашаванда неруи тоза истифода шавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда, партовҳои зараровар коҳиш ёбанд ва ҳамзамон нобаробарии иқтисодӣ ва нажодӣ бартараф гардад», — мутмаин аст Ди Каприо.
Ӯ ҳамчунин қарори Байденро барои пайвастан ба Созишномаи Париж оид ба чораҳои коҳиш додани партоби гази карбон ҷонибдорӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки 1 июни соли 2017 Президенти ИМА Доналд Трамп эълом намуд, ки Иёлоти Муттаҳида иштироки худро дар Созишномаи Париж қатъ мекунад ва изҳор дошт, ки хуруҷ аз созишнома, пеш аз ҳама, бо сиёсати интихобкардаи Америка мутобиқ аст. Президенти нави Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден дар рӯзи аввали кориаш фармонро дар бораи бозгардонидани кишвар ба уҳдадориҳояш дар доираи ин созишнома имзо кард.
Созишномаи Париж созишномае дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағирёбии иқлим аст, ки чораҳои коҳиш додани таркиби гази карбон дар атмосфераро аз соли 2020 инҷониб, аз ҷумла нигоҳ доштани болоравии миёнаи ҳарорати ҷаҳонӣ «хеле пасттар» аз 2°С ва ба харҷ додани талошҳоро барои маҳдуд намудани болоравии ҳарорат то 1,5°С танзим мекунад.
Созишнома бар ивази Протоколи Киото дар ҷараёни Конфронси иқлимии Париж омода шуд ва бо мувофиқа 12 декабри соли 2015 қабул гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкории дахлдор ба анҷом расонид.
Соли 2015 дар Париж зимни суханронии худ дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор карда буданд: «Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд.
Кишвари мо, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, аз пиряхҳои он 60 фоизи захираҳои оби минтақа ташаккул меёбад.
Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидаанд.
Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва ворид шудани хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад.
Танҳо тобистони соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат ба садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расидааст. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардиданд».
Созишномаи Париж 22 апрели соли 2016 ба имзо расид. Он замон онро 135 кишвари ҷаҳон ба тасвиб расонданд. То имрӯз 196 кишвар иштирокчиёни Созишномаи Париж мебошанд.
Тоҷикистон ин созишномаро 22 апрели соли 2016 дар қароргоҳи СММ ба имзо расонида, уҳдадор гардид, ки аз тағйирёбии иқлим ҷилавгирӣ намояд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 13 феврали соли 2017 ба тасвиб расонд.
Яке аз уҳдадориҳои кишвари мо таҳияи маърӯзаи дусола дар бораи инвентаризатсияи партовҳои газҳои гулхонаӣ, инчунин Гузориши чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим буд.
Мутахассисони ботаҷрибаи вазорату идораҳои гуногун барои ҳисоб кардани партови газҳои гулхонаӣ дар панҷ бахш (энергетика, равандҳои саноатӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал, партовҳо) ҷалб карда шуданд. Бо мақсади гузаронидани инвентаризатсияи газҳои гулхонаӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои гуногун як гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуд. Кори гурӯҳро шарикони лоиҳа — Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ идора мекунанд.
АКСҲО аз sevastopol.su/ бойгонии АМИТ «Ховар»/ Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ









Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад
Дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон муҳокима гардид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия талабгори зиёд пайдо намудаанд
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақими Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд






