Тиллокон аз рӯи натиҷаи озмуни шаҳрӣ беҳтарин маҳаллаи Хуҷанд эътироф гардид

Январь 14, 2021 08:51

ХУҶАНД, 14.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Суғд — Хуҷанд натиҷаи озмуни шаҳрии «Беҳтарин оила, кӯча ва маҳалла» ҷамъбаст карда шуд.

 Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, 13 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар он натиҷаи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ҷамъбаст ва ғолибони  озмуни шаҳрии «Оила, кӯча ва маҳаллаи беҳтарин» муайян карда шуданд.

Дар ҷаласа муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ширкат варзиданд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон, маҳаллаи Тиллокон, ки 10 сол боз онро  омӯзгори ботаҷриба бо собиқаи кории 30-сола — Баҳриниссо Собирова роҳбарӣ мекунад, «Маҳаллаи беҳтарин» эътироф шуд.

Маҳаллаҳои Чорчароғ ва Содирхони ҳофиз мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд. Оилаи Бобоҷоновҳо, ки дар маҳаллаи Мевагул зиндагӣ мекунад, ҳамчун яке аз оилаҳои беҳтарини шаҳр номбар шуд ва кӯчаҳои Инъом Деҳқонови маҳаллаи Ваҳдат, Мирзоҳабиб Бақоеви маҳаллаи Тути Калон ва Абӯмаҳмуди Хуҷандии маҳаллаи Чашмаи Арзана сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар охири маҷлиси фаъолони шаҳр ба ҳамаи ғолибон ифтихорномаҳо, дипломҳо ва мукофоти пулӣ супорида шуданд.

Январь 14, 2021 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд