ТОҶИКОН ДАР АҲДИ СОМОНИЁН СОҲИБИ ДЕВОНИ МӮҲТАСИБ БУДАНД. Ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук бахшида мешавад

Январь 22, 2021 14:35

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ«Ховар»/. Интизор меравад, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии дидбонгоҳи гумрукии «Регар»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ба истифода дода шавад. Дар ин бора имрӯз, 22 январ, дар Рӯзи кормандони мақомоти гумрук хабанигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА иттилоъ медиҳад.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар шароити мураккаби вазъи сиёсии соли 1992  таъсис дода  шудааст. Маҳз бо шарофати Истиқлол ва таваҷҷуҳи  хоссаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сохтори калидию  мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети  мамлакат  табдил гардид. 

Мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ маҳсуб  ёфта, нақши он дар самти танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ муҳим аст. Таъмини амнияти иқтисодии мамлакат рисолати асосии Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ буда,  ин рӯ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии  кишвар таъсиррасон мебошад. Рисолати Хадамоти гумрук ҳамчун  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангӣ ва  назорат  аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ  нигаронида шудааст. Кормандони мақомоти гумрук соли 2020 новобаста ба пандемияи COVID-19 барои таъмини даромадҳои гумрукию пешгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолияти самарабахш анҷом доданд. Дастовардҳои соҳа дар соли 2020 бозгӯи фаъолияти самараноки масъулони соҳа дар самти иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ ва қонунгузории бахши калидии иқтисоди миллӣ мебошанд.

Тоҷикистон  дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ дуюмин шуда, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия  намуд ва он дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Соли 2004 Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия шуда, барои рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав ба маҳсуб меёбад, қабул гардид. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дорад,  23 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки ба беҳтар гардонидани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ равона гардидааст.

Соли 2020 ҳамзамон тафсири Кодекси гумрук дар доираи  амалисозии чорабиниҳои Барномаи дастгирии  давлатии соҳибкорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид. Он дастрасии иштирокчиёни  фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба муҳтавои меъёрҳои қонунгузории гумрукӣ васеъ намуда, ба бештар гардидани фаъолияти ҳуқуқтаъминкунии мақомоти гумрук ва ташаккули низоми шаффофи савдои хориҷии мамлакат мусоидат менамояд. Таҳияи тафсири Кодекси гумрук  таҷрибаи нахустини  шарҳи қонунгузории  гумрукӣ маҳсуб ёфта, ба татбиқи ҳадафҳои  «Барномаи миёнамуҳлати  рушди мақомоти гумруки  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои   2020-2024» мусоидат менамояд.

Зарфи солҳои охир дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ Хадамоти гумрук ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии замонавианд. Инчунин моҳи сентябри соли 2020  Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин шуда ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию  воридотӣ ва транзитӣ» гузашт. Роҳандозии низоми «Равзанаи ягонаи  барасмиятдарории амалиёти  содиротӣ, воридотӣ ва  транзитиро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қадами муассир дар рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон буда, гузаришро  аз шакли коғазӣ  ба шакли электронии  мубодиллаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд. Чунин низом  дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин таҷрибаи гузариш ба  усули электронӣ дар самти тиҷорати беруна маҳсуб ёфта, дар як макон дастрас кардани 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз 11 мақомоти давлатию ҷамъиятиро танзим менамояд. Бо истифода аз низом соҳибкор метавонад аз нуқтаи гуногуни ҷаҳон дархости шаклаш ягона ва замимаҳои заруриро ҷиҳати ба даст овардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ тақозо мешаванд, ирсол намояд ва  барнома ба таври автоматӣ вобаста ба намуди моли ворид ё содиршаванда онро ба мақомоти алоқаманд  дастрас месозад.

Сайре ба таърих ва ташаккули фаъолияти гумрук дар Тоҷикистон

Пайдоиши гумруку ташаккули фаъолияти гумрукӣ ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ иртибот дошта, ҳанӯз дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдани Осиёи Марказӣ сабаби фаъол шудани муносиботи тиҷоратӣ гардиданд. Доду гирифти савдо миёни қавму халқияти гуногун ривоҷ меёфт. Сарзамини аҷдодиамон дар он замон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ба ҳайси пули иртиботӣ  миёни кишварҳои Машриқзамин, назири Чину Ҳиндустон ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ маҳсуб меёфт, зеро корвонҳои пур аз мол қаламрави Осиёи Марказиро убур мекарданд.  Рушди савдо яке аз омилҳои асосии зуҳури низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардид.

Аҷдодонамон соҳиби девони муҳтасиб буданд

Аввалин бор боҷу хироҷи сарҳадӣ бо номи «боҷи дарвоза ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ карда шуданд. Ҳанӯз дар аҳди Сомониён, ки бо низоми пешрафтаи идоракунии давлатӣ маъруф буд, девони муҳтасиб фаъолият мекард ва аҷдодонамон бо кишварҳои Аврупо ва Осиё робитаи густурдаи иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор намуда буданд. Тоҷирони ин кишварҳо дар Самарқанду Бухоро намояндагиҳои доимӣ доштанд. Дар он давраҳо усулҳои гуногуни андоз ва боҷу хироҷ ҷорӣ гардида буд. Агар ба таърихи гумрук дар замони собиқ  Шӯравӣ назар афканем, дар он солҳо Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ  фаъолият дошт. Дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ назораткунанда  дидбонгоҳи гумрукии Термиз маҳсуб меёфт. 7 апрели соли 1987 шуъбаи фаврии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба гумруки Термиз тобеъ буд. Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал бароварда мешуд. Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳайати шахсии 41 нафар таъсис дода шуд. Роҳбарии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд. Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд, Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардиданд.

Нуқтаи гумрукии Панҷи Поён — мерос  аз замони Шӯравӣ

22 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон гузошта шуд. Ҷараёни барқароршавии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба шароити хеле мураккаб рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти кишварро ташкилкунанда мусоидат намуд. Баъди пош  хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мақомот, иншооти гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук берун аз ҳудуди кишварамон монданд. Ба Тоҷикистон танҳо нуқтаи гумрукии Панҷи Поён мерос монда, беш аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд.

Ёди родмардоне, ки дар роҳи ҳифзи амнияти иқтисодӣ ҷон нисор кардаанд

Аз рӯзҳои мавҷудияти мақомоти гумруки  мамлакат гумрукчиёни тоҷик садди роҳи гурӯҳҳои ҷинояткоре мегардиданд, ки аз вазъи номӯътадили сиёсӣ ва мақомоти фалаҷгардида истифода бурда, сарватҳои кишварамонро бераҳмона ғорат менамуданд. Кормандони гумрук ҳатто дар душвортарин лаҳзаҳо, ки дар кишварамон  нобасомониҳо  авҷ гирифта буданд, ҷойҳои кории худро тарк накарда, то охир ба вазифаҳои хизматии худ содиқ монданд. Дар чунин шароити вазнин беҳтарин анъанаҳои фаъолияти мақомоти гумруки мамлакат  ба вуҷуд омад. Дар арафаи  ҷашни 29-умин солгарди таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёд намудани хотираи неки аввалин гумрукчиёни тоҷик, ба мисли Мавлон Олимов,  Алмос  Гадоев,  Назирмад  Гулматов,  Рустамбек  Ғаниев,  Ғоиб Мирзоев, Шавкат Агаев,  Алӣ Имомназаров ва  Сергей Ситковский, ки зимни сарбаландона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҷони худро нисор кардаанд, амрест хайр.  Ин родмардони шуҷоъ бо фидокорӣ, далерӣ  ва  меҳнати софдилона дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлоли давлатӣ дар он шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии мамлакат мардонагӣ нишон дода,  содиқ монданд. Корномаи чунин родмардони ғаюр  ифтихорест дар ҷодаи садоқат ба Ватан барои насли имрӯз, хусусан гумрукчиёни ҷавон, зеро шуҷоатмандии онҳо дар саҳифаи таърихи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ “Ховар”

_________________________________________

*Мӯҳтасиб(арабӣ) – истилоҳи таърихӣ буда, дар гузашта ба чунин маъниҳо истифода шудааст:1) назораткунандаи иҷрои аҳкоми шариати ислом; 2) назоракунандаи иҷрои тартибу қоида дар роҳи корвон, дурустии сангу тарозу ва танзими нархҳо  дар бозор ва ғайра.

Январь 22, 2021 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИМОД» БАРОИ НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ ТАҶҲИЗОТ ИСТЕҲСОЛ МЕНАМОЯД. Эҳдо ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон
3765 ГЕКТАР ЗАМИН БА АҲОЛӢ. Дар Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ нисбат ба соли 1991 беш аз 3 баробар зиёд замин ҷудо гардидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ СТАНДАРТҲО. Дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор стандарти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавҷуд аст
Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест-2024» Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад
Дар Бадахшон 72 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ мегардад
Соли оянда Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт пурра ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ барои сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии ВМКБ маблағгузорӣ карда шудааст»
НАХУСТИН МАРОТИБА ДАР ОСИËИ МАРКАЗӢ. Дар Бадахшон моҳии сурх парвариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзуи муқовимат бо коррупсия ҳамоиш доир гардид
ҲАФТАИ СОҲИБКОРӢ. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон маҷлиси тантанавӣ ва Форуми «STARTUPSTAN-2024» баргузор шуд